• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Муҳити илму адабпарвар

Ду ташаббуси мондагори як донишгоҳ

Ихтисосҳое ҳастанд монанди шоириву нависандагӣ, ки мактаб надоранд, тарҷумониву муҳаққиқӣ низ аз ҷумлаи онҳост. Ин касбҳо аз умқи сина дар заминаи таҷрибаву гузашти рӯзгор ба вуҷуд меоянд. Ин аст, ки олимону донишмандон ва адибони мо баъди баҳрабардорӣ аз назария, каме таҷриба дар доираи ин ё он соҳа домани касберо интихоб мекунанд, ки ба шавқу завқ, рӯҳу равонашон мувофиқ аст. Хушбахтона, солҳои охир шумори онҳое, ки ба тарҷумаи бадеӣ даст мезананд, низ бештар мешавад. Муҳим аз ҳама, бори аввал ҷавононе ба майдони фаъолият мебароянд,

ки аз забони асл асарҳоро баргардон менамоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тарҷумаҳои онҳо ҳоло камтаҷрибагӣ аз лиҳози забону сабк, ороиши бадеӣ, санъати сухан ба чашм мерасад. Аммо коре, ки сар кардаанд, ояндаи нек дорад. Чунончи, дар порчаву афсонаҳо, ҳикояву ҳиссае аз қиссаҳое, ки дар маҷаллаи «Навруста»-и ДДОТ ба номи устод Айнӣ чоп мешаванд, падидаҳои нек нуҳуфтаанд, ки бо тарбия шуданашон нашъу намо хоҳанд ёфт.

 

«Навруста» чанд сол инҷониб дар ин донишгоҳи куҳани кишвар ба нашр мерасад. Ҳарчанд нав аст, дар он аллакай сабку услуб ва мазмуну мундариҷаву шаклу устухонбандии хос ба вуҷуд омадааст. Маълум мешавад, ташаббускорону кормандони он бо дасту дили гарм ба кор пардохтаанд. Яъне, «Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад».

Яке аз навоварие, ки дар ин нашрия ба чашм мерасад ва қобили ситоиш аст, чашмандозе ба адабиётшиносии муқоисавист. Чунончи, дар шумораи аввалини соли равон ду мавод ба чоп расидааст, ки масъалаҳо дар онҳо аз дидгоҳи муқоисавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, дар мақолаи устоди донишгоҳ Абдулвоҳид Маликов тавассути сифатҳои аслӣ ифода шудани хабар дар забонҳои тоҷикӣ ва  фаронсавӣ ба таври муқоиса омӯхта шудаанд. Аслан, мавзӯи содае менамояд, аммо барои адиб, тарҷумон бисёр муҳимму саривақтист. Чунончи, ба мақоли «Замин сахт, осмон-баланд» эътибор диҳед; ин ҷо хабари ҷумла нест, аммо сифатҳо ба ҷойи хабар омада, тарзи баёни зебоеро ба вуҷуд овардаанд, маълум мегардад, ки вақте ин мақолро ба фаронсавӣ баргардон мекунед, чунин ифодаҳои ширин ва пурмаъно, тарзи сохтани онҳо дар забони фаронсавӣ ҳам будааст. Бешак, ин дарси аввалинест барои тарҷумони навкор. Ба ҳамин монанд таълимоти аҷиб дар мақолаи ассистенти донишгоҳ Хайём Ҷӯраев «Чанд роҳи тарҷумаи герундия аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ» низ ба чашм мерасад, маълум мегардад, герундия ҳам хусусияти исмро дорад, ҳам феълро, омӯзгор намунаи ин шакли феълиро дар забони тоҷикӣ низ пайдо карда, тарзи дуруст ва пурмаъно тарҷума кардани онро нишон додааст. Дар ҳар шумораи маҷалла чунин дарсҳои манфиатовар барои донишҷӯён ҷой дода шудаанд. Онҳо ба дарсҳои амалӣ монанданд ва барои донишҷӯён дари ҷаҳони наверо боз мекунанд. Ин аст, ки ҳар нафари ташнаи илм ин маҷаллаи зебо ороишёфтаро кушода, аввал ба чунин мақолаҳо чашм медӯзад. Бешак, мақолаҳои назариявии маҷалла барои донишҷӯён ва ҳам мутахассисони соҳа ёрии хуб расонда метавонанд.

Қисмати дуюм ва асосии нашрияи мазкурро кори амалии донишҷӯён- тарҷумаҳои онҳо аз забони асл ташкил медиҳад. Рости гап, чунин ҳолат: ба таври оммавӣ аз забони асл тарҷума кардани асарҳо дар таҷрибаи тарҷумонии тоҷик бори аввал ба чашм мерасад. Барои ин ташаббусу раҳнамоии устодони факултаҳои забонҳои хориҷии донишгоҳро нек арзёбӣ бояд кард. Дар миёни муаллифон номҳои нависандагони бузурги оламро аз адабиёти русу олмонӣ, англисӣ ва фаронсавӣ ва ғайра мушоҳида мекунем ва ба шод мешавем, ки ҷавонони мо хушбахтанд, ки чунин асарҳоро ба забони асл мехонанд. Андак кӯшише, то забону услуби онҳо монанди асл ширину гуворо бошад. Зеро мо дар вақташ ҳамаи ин асарҳоро тавассути тарҷумаи русӣ мутолиа карда будем. Ба қавли адибони бузурги ҷаҳон, дар ҳар тарҷума чанд фоизе аз шираву обу ранги асар коста мегардад. Бинобар ин, ба забони асл хондан ва аз забони асл тарҷума кардан муҳимтар аст.

Вобаста ба ин, масъалаи дигареро ёдрас карданием. Ин ҳам бошад, таҳқиқи масъалаи адабиётшиносии муқоисавист. То ҳол дар ин бора дар забони модарии мо маводи кам ба чоп расидааст. Масалан, як шеъри Гётеро мо дар тарҷумаи омӯзгори ҷавони фанни олмонии донишгоҳ Ф.Одинаев дар маҷалла дарёфт кардем, аммо ин шеър ва дигар ашъори ин шоири бузург то ин вақт дар тарҷума аз забони русӣ ба мо дастрас буд. Ку муҳаққиқе, нақдшиноси хубе, ки бозёфту нуқсу бурду бохти ҳар ду ин тарҷумаҳоро бозгӯ кунад? Аз ин рӯ, адабиётшиносии муқоисавӣ дар замони мо хеле аз аҳамияти бузург бархурдор аст. Пешниҳод мекардам, ки дар саҳифаҳои ин маҷаллаи пурмуҳтаво ин масъала низ мавриди баррасӣ қарор гирад, то минбаъд ба пайдоиши нақди адабии муқоисавии тоҷик асос гузорад.

Шоистаи қайд аст, ки ин маҷалла ҳар сари чанд вақт ба теъдоди муайян чоп мешавад ва як намунаи кори амалии донишҷӯёни соҳибзавқ аст.

Баробари ин, дар донишгоҳ маҷаллае барои устодону донишмандони ҷавон бо номи «Муҳаққиқ» ба нашр мерасад, ки назири маҷаллаҳои ғафси академии донишгоҳҳои бузурги ҷаҳон аст. Албатта, сатҳи илмии маҷаллаи мазкур аз «Навруста» фарқ мекунад. Аммо бояд гуфт, ки онҳо бо ҳам пайванди ногустанӣ доранд. Зеро ҳар ду дар як донишгоҳ, дар як муҳити адабиву илмӣ ба вуҷуд омадаанд. Ва ин муҳит адабпарвару донишҷӯву навовар аст, ки аз саъю кӯшиши раёсати донишгоҳ фароҳам омадааст.

Арзандаи он аст, ки минбаъд ҳар ду маҷалла байни донишгоҳу омӯзишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ паҳн карда шаванд.

Муҳаммадшариф РУСТАМЗОДА,

рӯзноманигор

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj