• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

Тоҷикистон, меҳри покат дар дилу ҷони ман аст,

Офтоби шуълапошат  файзбахши гулшан аст.

Меҳри поки мардумат меҳри бузурги модарон,

Мардуми меҳмоннавозат фахри даврони ман аст.

Тоҷикистон кишвари бузургест, саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Тоҷикистон макони бузургону сарзамини фарҳангдӯстон эътироф шуда. Дар байни дигар давлатҳо Тоҷикистон бо сарватҳои пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли инҳо мавқеи махсус дорад.

Ватани мо кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарват аз захираҳои табиист. НБО –ҳои машҳури он, ба мисли Варзобу Нораку Роѓун ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд.

Дар давоми бисту панҷ соли Истиқлолият бо сарварии оқилонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва ба бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти оромонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро тамин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тоҷикон аз қадимулайём милати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳи сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90 -уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав эҳё шуду ба эъмори давлати миллии худ ноил гарид. Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург аст. 24 – уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад». Дар тамоми ИҶШС ҷунбише барои дигаргунии сиёсӣ ба вуҷуд омад. Декабри соли 1990 анҷумани чоруми Шӯроҳо дар бораи 17 марти соли 1991 гузаронидани раъйпурсии умумииттифоқӣ қарор кард. 71,3 % - и аҳолӣ тарафдори нигоҳ доштани ИҶШС буд. 19 августи соли 1991 дар Москва Комитети давлатии фавқулода таъсис ёфт. Аз 20 – уми август сар карда Эстония, Украина, Белорус, Озорбойҷон, Ӯзбекистон ва дигарҳо худро соҳибистиқлол эълон карданд. Ин маънои амалан аз байн рафтани ИҶШС – ро дошт. 8 – уми декабри соли 1991 дар Беловежск дар бораи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созишнома бастанд. Сарони 11 ҷумҳурӣ дар Алма-ато ба ИДМ ворид шуданд. 25 – уми декабр президенти ИҶШС М.С.Горбачёв аз вазифа даст кашид. Давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт. Дар Тоҷикистон вазъияти сиёсӣ муташанниҷ гашт. Ҳизбу созмонҳои  нав барои ҳокимият мекӯшиданд. 9 – сентябри соли 1991 аввалин маротиба Рӯзи истиқлолият қайд карда шуд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Пас аз ба даст даровардани Истиқлолият Тоҷикистон фавран ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шурӯъ намуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони НБО – Сангтӯда – 1,2, Помир – 1, Роѓун, роҳи оҳани Қӯрѓонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кулма – Қайроқум, нақби Анзоб шурӯъ карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намуд.

Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи хирадгароӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост. Мо, ҷавонон, ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияҳои муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархӯрдор мебошем, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузорем. Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда ва дар саросари он сулҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, некуаҳволии мардум меафзояд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозиш гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оѓӯш кушодааст.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Он рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои мамлакат мебошад. Дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Малика Мавлонова, донишҷӯи факултаи забон-ҳои романӣ – германӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj