• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедраҳои умумидонишгоҳӣ

Ҳисоботи кафедраи забони тоҷикӣ оид ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва илмӣ- методӣ дар соли 2017

Дар кафедра 16 нафар устодон кор мекунанд. Аз ин миқдор 4 нафар дорои дараҷаи илмӣ- як нафар доктори илм, се нафар номзади илм мебошанд. Рисолаҳои илмии се нафар – Саидова Ҷамила, Каримова Малика ва Ҷӯраева Хубон дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Рисолаи Каримова Малика аз пешдифоъ гузашт.

  1. 1. Монографияҳо:

Каримова М.Масъалаҳои муносибати забони тоҷикӣ ва қирғизӣ дар лексикаи лаҳҷаи Лахш.-Душанбе: Дониш, 2017.- 180 с.

Монография ба масъалаҳои муносибати забони тоҷикӣ ва қирғизӣ дар лексикаи лаҳҷаи Лахш бахшида шудааст.Он аз муқаддима, се боб, шаш фасл, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат буда, дар он таъсири забони тоҷикӣ ба лаҳҷаи қирғизҳоиминтақаи Лахш пажӯҳиш гардидааст. Монография дар дасти чоп аст.

 

Ҳисоботи кафедраи забони тоҷикӣ оид ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва илмӣ- методӣ дар соли 2017

Дар кафедра 16 нафар устодон кор мекунанд. Аз ин миқдор 4 нафар дорои дараҷаи илмӣ- як нафар доктори илм, се нафар номзади илм мебошанд. Рисолаҳои илмии се нафар – Саидова Ҷамила, Каримова Малика ва Ҷӯраева Хубон дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Рисолаи Каримова Малика аз пешдифоъ гузашт.

  1. 1. Монографияҳо:

Каримова М.Масъалаҳои муносибати забони тоҷикӣ ва қирғизӣ дар лексикаи лаҳҷаи Лахш.-Душанбе: Дониш, 2017.- 180 с.

Монография ба масъалаҳои муносибати забони тоҷикӣ ва қирғизӣ дар лексикаи лаҳҷаи Лахш бахшида шудааст.Он аз муқаддима, се боб, шаш фасл, хулоса ва рӯйхати адабиёт иборат буда, дар он таъсири забони тоҷикӣ ба лаҳҷаи қирғизҳоиминтақаи Лахш пажӯҳиш гардидааст. Монография дар дасти чоп аст.

 

Ҳисоботи

мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ Рустамова Г.

Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд

аз санаи 27.11.2017 то 02.12.2017:

  1. Гузаронидани дарси тарбиявии намунавӣ дар мавзӯи  «Масъулияти падару модар ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои  донишҷӯён» бо донишҷӯёни курси  дуюми ихтисоси физикаи умумии факултети физика бо роҳбарии куратори гурӯҳ ассистент Аминов Ф. 1.12.2017.
  2. Ҷаласаи навбатии кафедра аз 30.11.2017.
  3. Муҳокимаи МТМ-и барои факултети таҳсилоти ибтидоӣ аз фани забони русӣ.  Муаллифон  Мӯсоева Ш. ва Сафарова М.
  4. Муҳокимаи саволҳои тести марҳилаи  дуюм аз фани забони русӣ барои ҳамаи ихтисосҳои Донишгоҳ. 28.11.2017.
 

Ҳисоботи кафедраи сиёсатшиносӣ

(аз 25.11.2017 то 01.12.2017)

Мувофиқи ҷадвали дарсҳои кушоди намунавии омӯзгорони кафедра дар таърихи 30.11.2017 ассистенти кафедра Имомназарова Мавҷуда дарси кушоди намунавиро дар факултети забони англисӣ дар курси чорум дар мавзӯъи “Миллатҳо ва муносибатҳои миллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосир” баргузор намуд, ки дар он устодони кафедра Бедилов Ҳ., Ахиева С., Қувватов С иштирок намуданд.

Тибқи нақша семинари илмӣ-методӣ дар кафедра ду маротиба дар як моҳ дар доираи масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосир мавриди барассӣ қарор мегирад. Дар таърихи 01.12.2017 дар мавзӯи «Омӯзиши категорияи системаи сиёсӣ аз нуқтаи назари илмии пажуҳишгорон» аз ҷониби н.и.с., дотсент Ҳакимов Р.М. баргузор

 

Ҳисоботи ахборотӣ-омории

кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ

аз 23 то 29 ноябри соли 2017

Баргузории  семинари илмӣ-методӣ

Мувофики нақша семинари илмӣ-методӣ дар кафедра ду маротиба дар як моҳ дар Маркази  Лоиҳаи таҳкими равиши педагогӣ баргузор мегардад. Мавзeъҳои семинари илмӣ-методӣ дар доираи масъалаҳои дар фаъолияти кафедра барассишаванда матраҳ гардидаанд. Дар таърихи 28.11.17 дар мавзӯи «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби муаллими калон Пулотов А. презентатсия гузаронида шуд.

Ба омӯзгорон бо равиши кори таҳсилоти фосилавӣ, кор дар кабинетҳои инфиродӣ, тарзи робита намудан бо донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаро омӯзонида шуд. Натиҷаи кори семинар аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯзгорон бо усулҳои нави замонавии раванди таҳсил

 

Натиҷаи

даври якуми Олимпиада аз фанни забони тоҷикӣ дар факултетҳои ғайритахассусӣ

Мутобики дастури Ректори донишгоҳ ва нақшаи Раёсати илм ва инноватсия ҷиҳати муайян намудани дониши хаттӣ ва шифоҳии донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садридди Айнӣ дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ давраи якуми олимпиада баргузор гардид.

Дар даври якуми ин чорабинӣ аз фанни забони тоҷикӣ донишҷӯёни факултетҳои химия, физика, технология ва иқтисодиёт ва математика ширкат варзиданд. Бояд зикр намуд, ки донишҷӯёни факултетҳои гуманитарӣ, амсоли  забон ва адабиёти рус, олмонӣ, ангилисӣ ва таърих, ки дар нимсолаи дуюми соли хониш фанни забони тоҷикиро меомӯзанд, ба олимпиада ҷалб карда нашудаанд.

 

Ҳисоботи кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ

Санаи 23.11.2017 дар факултети химия бо донишҷуёни курси якуми гурӯҳи химия –экология аз ҷониби саромӯзгор Кулиев А. А. дар мавзӯи «Ҷонишин ва хелҳои он» дарси кушод гузаронида шуд, ки дар он аксари омӯзгорони кафедра аз ҷумла,  Рустамова Г.,  Сафарова М., Наҷмутдинова  Ф.,  Холматова Ф. иштирок доштанд. Дарси кушод бо усули таълими салоҳиятнокӣ гузаронида шуда, донишҷӯён Холиқова Н., Ҳакимзода Н., Зафарҷоонзода З., Каримов Д. ва  Набиева Ф.  фаъолона  иштирок карданд.

Ассистент Холматова Л. бо донишҷӯёни факултети химия ихтисоси химия (гурӯҳи русӣ ва тоҷикӣ) дарси кушоди тарбиявӣ: «Традиции и обычии народов мира»  гузаронид.  Донишҷӯён Ашуров А. дар мавзӯи  «Традиционная национальная одежда»,

 

Ҳисоботи омории кафедраи сиёсатшиноси

Дар ду ҳафтаи сипаришуда дар кафедраи сиёсатшиносӣ як қатор чорабиниҳо бо назардошти идҳои давлатӣ аз руи барномаҳои таҳрезишуда гузаронида шуд. Аз ҷумла 14 ноябр бахшида ба рӯзи Презеденти Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи ХVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъи “Нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди давлатсозии миллӣ” мизи мудаввар гузаронида шуд.

24 ноябр дар кафедра бахшида "Рузи Парчами миллӣ" семинари илмӣ-методӣ баргузор шуд, ки аз тарафи устодони кафедра оиди ин муқадасоти миллӣ баромадҳо намуданд.

 


Страница 1 из 5
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru