|
01.09.2026 11:34 |
|
МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ БОЗДИД НАМУД
 Имрӯз, 1 сентябр, дар доираи чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Сайдулло Мансурӣ аз Осорхонаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид ба амал овард.
|
|
01.09.2026 11:26 |
|
РӮЗИ ДОНИШ БО ПАЁМИ СУЛҲУ МАЪРИФАТ ВА ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА
 Имрӯз, 1 сентябр, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Сайдулло Мансурӣ иштирок намуда, аҳли донишгоҳ — устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.
|
|
31.08.2026 21:42 |
|
НИШОНҲОИ «ХИЗМАТИ ШОИСТА» ВА ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ БА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАКУ ФАРХУНДА БОД!
 Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хизматҳои шоиста ва фаъолияти пурсамари кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мукофотҳои арзандаи давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.
Каримзода Мусо — декани факултети таърих ва ҳуқуқ ва Мусофирзода Шодихон — корманди шуъбаи фарҳанг бо Нишони «Хизмати шоиста», инчунин Шералӣ Холзода — омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардиданд.
|
|
31.08.2026 10:53 |
|
ТАМОШОИ «РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ» ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
 Имрӯз, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дар толори калони фарҳангӣ ва факултетҳо пахши мустақими «Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ»-ро тамошо ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гӯш намуданд.
|
|
30.08.2026 18:27 |
|
ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛРО БО СИМОИ НАВ ИСТИҚБОЛ МЕГИРАД
Дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмиру навсозӣ дар факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба анҷом расида, бинои факултет бо намои тозаву замонавӣ соли нави таҳсилро истиқбол мегирад.
Дар доираи корҳои анҷомёфта роҳравҳо ва зинапояҳои се ошёнаи бино пурра кошинкорӣ шуда, намои дохилии факултет ба таври назаррас беҳтар гардид. Ҳамзамон, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо пурра иваз шуда, намунаҳои нави ҷавобгӯ ба
|
|
30.08.2026 18:20 |
|
КОРҲОИ ТАЪМИРУ НАВСОЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА БА АНҶОМ РАСИДАНД
 Дар арафаи оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои таъмиру навсозӣ дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пурра ба анҷом расиданд.
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонии роҳбарияти донишгоҳ роҳравҳо, зинапояҳо ва тирезаҳои се ошёнаи бинои факултет пурра азнавсозӣ гардида, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо низ бо намунаҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи бехатарӣ иваз шуданд.
|
|
29.08.2026 23:33 |
|
ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
|
|
25.08.2026 20:21 |
|
ШОМИ ФАРҲАНГИИ “ШАҲДИ ИСТИҚЛОЛ” ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ ФИРДАВСӢ
 Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо иштироки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шоми фарҳангии «Шаҳди Истиқлол» баргузор гардид.
|
|
|
|
|