• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз587
mod_vvisit_counterДирӯз1129
mod_vvisit_counterДар ҳафта1716
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6511
mod_vvisit_counterМоҳ14990
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25001
mod_vvisit_counterҲамагӣ938793

Online 7
IP шумо: 216.73.216.54
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-03-16 17:09
14.03.2026 16:59

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РУШДИ ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи педагогикаи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо зимни такомули арзишҳои миллӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии таъсисёбии донишгоҳ бахшида шуда, дар он олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
 
14.03.2026 12:53

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР АКСИЯИ ТОЗАГӢ
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва анҷоми корҳои тозагиву озодагӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар кӯчаю хиёбонҳои ҳудуди пойтахт бо ҷалби ҷавонони фаъол аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид.

 
14.03.2026 12:35

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: ВАРЗИШ — ЗАМИНАИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ
Субҳи имрӯз бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар боғи Аҳмади Дониш ба машқи пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд.
 
13.03.2026 00:40

БОЗДИДИ МЕҲМОНОНИ ФОРУМИ РЕКТОРОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Дар доираи Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмонон аз Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд.
Нахуст меҳмононро дар саҳни осорхона гулдухтарони либоси миллӣ ба бардошта, бо гул ва қироати шеърҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамзамон аз ҷониби дастаи рубобнавозон навозиши мусиқии миллӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.
 
13.03.2026 00:16

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ФОРУМИ РЕКТОРОН БА НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Дар доираи Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ», ки 13 марти соли 2026 баргузор гардид, меҳмонони олиқадр аз намоиши дастовардҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
 
13.03.2026 23:36

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИИ ҲУМОЮНШОҲ
Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳайати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз Осорхонаи таърихии Ҳумоюншоҳ боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ҳайати донишгоҳ бо толорҳои намоишӣ ва экспозитсияи осорхонаи мазкур шинос гардида, аз нигораҳои арзишманди таърихӣ ва фарҳангии он дидан намуданд. Осорхонаи мазкур бо муҳити вижаи таърихӣ ва намоишгоҳҳои бойи худ мероси пурғановати тамаддунҳои гуногунро инъикос намуда, барои муаррифии фарҳанг ва таърихи минтақа аҳамияти хос дорад.
 
13.03.2026 23:25

БОЗДИДИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ ОРОМГОҲИ МИРЗО АБДУЛҚОДИРИ БЕДИЛ ДАР ШАҲРИ ДЕҲЛӢ
Рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ҳайати роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз оромгоҳи шоири бузурги форсу тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил, ки дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон қарор дорад, боздид ба амал оварданд.
 
13.03.2026 22:49

РАВЗАНАИ ОШНОӢ: ИЛМ, ЗАБОНДОНӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Ҳамсуҳбати мо мудири кафедраи забони фаронсавӣ, раиси Ҷамъиятии дӯстии “Тоҷикистону Фаронса”, доктори илмҳои фалсафа, профессор Султонзода Соқӣ Аслон.
Мавриди зикр аст, ки номгӯи асарҳо, мақолаҳо ва корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва илмӣ-методиаш бештар аз 100 номгӯйро ташкил медиҳад. Тарҷумаи ҷилди якуми китоби “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров ва чандин мақолаву корҳои таҳқиқотӣ бо забони фаронсавӣ аз маҳорати тарҷумонии номбурда Султонзода Соқӣ дарак медиҳад.
 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ