• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 22 April 2021 10:39
There are no translations available.

 

ПЕШВОИ МО – РАҲНАМОИ МО

6.JPG - 196.33 KbРӯзи 22-юми апрели соли 2021 бо ташаббуси мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п., Умаров А., конференсияи илмӣ таҳти унвони “Пешвои мо – раҳнамои мо” бо иштироки омӯзгорон, муаллимони калони кафедра  Мусоева Раъно, Мансурова Ҳабиба, Ашуров Намозалӣ, Шамсова Зебо ва дигар донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст мудири кафедраи мазкур  н.и.п., Умаров А. конференсияро оғоз бахшид. Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол дар бораи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти давлати навини тоҷикон, бо забони англисӣ маърӯзахонӣ намуданд, ки воқеан ҷолибу диданӣ буд.

 
Thursday, 22 April 2021 04:05
There are no translations available.

 

ҲАМОИШИ ХОТИРМОН ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОН

6.JPG - 202.44 KbРӯзи 21-уми апрели соли 2021 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи илмиву назариявии устодон баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра, профессор Саидмуроди Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Рушди забони тоҷикӣ ва таҳаввули таълими он дар замони истиқлол” маърӯза кард. Омилҳои паст будани сифати дониши хаттии донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва баҳси пурдоманаи илмӣ қарор гирифт. Ба фикри профессор Хоҷазод, ин ду ҷанба дорад: аввалан тағйирот дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки соли 2011 сурат гирифт, қолаби муназзами имлои забони тоҷикиро аз байн бурд ва боиси  хараҷу мараҷ ва саргумзании ҷомеа шуд, ки ин раванд то ҳол давом дорад. Дуюм, дар низоми таълими кредитӣ ташаккул наёфтани нутқи шифоҳӣ ва дониши хаттии хонандагону донишҷӯён, ҳосил накардани донишиҳои фарогир, сайқал наёфтани фикр ва кундии андеша ба мушоҳида мерасад. Қабули қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва омезиши хусусиятҳои хубу ҷолиб ва самарабахши таълими анъанавӣ бо низоми кредитӣ роҳи бурунрафт аз ин мушкилот арзёбӣ шуд.

 
Wednesday, 21 April 2021 11:47
There are no translations available.

 

ПИРӮЗИИ ДАСТАИ БАСКЕТБОЛБОЗДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ

5.jpg - 48.81 Kb

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи пойтахт” миёни донишҷӯдухтарони макотиби олии шаҳри Душанбе мусобиқаи баскетбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин мусобиқа, дастаи баскетболбоздухтарони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Ҳикматулло Шамсиддинов иштирок намудаанд.

 
Wednesday, 21 April 2021 11:31
There are no translations available.

 

ДОНИШГОҲ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲО

2.jpg - 100.20 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон яке аз нахустдонишгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ саҳми хеле назаррас дорад. Аз рӯи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ донишгоҳи мазкур аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф карда шуд. Санаи 20-уми апрели соли 2021 барои дохил шудан ба ин даҳгона ба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Сипоснома”-и агентии мазкур супорида шуд, ки ин ҳам барои кулли кормандони ин боргоҳи маънӣ боиси ифтихор хоҳад буд.

 
Tuesday, 20 April 2021 11:41
There are no translations available.

 

ГАР САРИ ИЛМ ТО СУРАЙЁ РАФТ, ДОМОНАШ МАРОСТ

1.JPG - 154.49 KbИмрӯз, 20.04.2021 дар  факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик”  бо ибтикори мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик н.и.ф., дотсент Ҳамза Боқиев конференсияи илмӣ баргузор гардид Дар конференсия  ҳайати устодони кафедра ва донишҷӯёни ин боргоҳи таълимӣ  ширкат доштанд. Нахуст  мудири ин кафедра баромад намуда, бо тавъам омадани ҳафтаи илм бо зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба конференсияи мазкур ҳусни оғоз бахшид, инчунин таъкид намуд, ки сараввал бояд 5 маърӯзаи донишҷӯёни ин факултет шунида шавад. Мавриди зикри хос аст, ки донишҷӯён доир ба масъалаҳои мубрами самти таълими хеш маърӯзахонӣ намудаву пас аз анҷоми ҳар маърӯза  саволу ҷавобҳо намуданд.

 
Monday, 19 April 2021 12:27
There are no translations available.

 

Стипендияи Шӯрои Ҳиндустон оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR)

барои таҳсил дар Ҳиндустон (2021-2022)

ЭЪЛОН

Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе бо хушнудӣ барномаи стипендияи Шӯрои Ҳиндустонро оид ба робитаҳои фарҳангӣ (ICCR) барои солҳои таҳсили 2021-2020 дар ин кишвар ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои гуногун дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура  ва дигар соҳаҳо, ба ҷуз тибб, дорусозӣ ва мӯд эълон менамояд. Барои соли хониши 2021-2022 ҳамагӣ 25 бурсия пешниҳод карда мешавад, ки аз онҳо, танҳо 15 бурсия бо чиптаҳои ҳавопаймоии бозгашт вобаста ба шароити иқтисодии номзадҳо таъмин мегардад.

Номзадҳое, ки хоҳиши иштирок кардан дар барномаи (ICCR)-ро доранд, барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд, ба URL:http://a2ascholarships.iccr.gov.in ворид шаванд. Донишҷӯёни муҳтарам, лутфан пунктҳои зеринро ба инобат гиред.

А) номзадҳое, ки сину солашон аз 18 то 30 мебошанд, метавонанд дар барнома ширкат варзанд.

Б) номзадҳое, ки дар курсҳои “BE” / “B.Tech” таҳсил кардан мехоҳанд, бояд курсҳои физика, математика ва химияро дар синфҳои 10, 11-и мактаб аз худ карда бошанд.

 
Monday, 19 April 2021 08:27
There are no translations available.

 

ОЗМУНИ “ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ИДОМА ДОРАД

7.JPG - 178.53 Kb19 апрели соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади амалисозии дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба амалишавии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” байни донишҷӯёни факултетҳои географияву биология баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯёни факултетҳои зикршуда,  аз худ маҳорати хубу ҳозирҷавобӣ нишон дода, ба саволҳои устодон ҷавобҳои қанеъкунанда доданд.

 


Page 127 of 317
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в