Thursday, 01 April 2021 17:41 |
There are no translations available.
Аз ҷумла, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи шахсияти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфта гузашта, изҳороти ӯро комилан ҳазён хонд.
|
Thursday, 01 April 2021 17:20 |
There are no translations available.
Эксперт назвал заявление кыргызского чиновника некомпетентным.
|
Wednesday, 31 March 2021 12:06 |
There are no translations available.
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ
31.03.2021 11:55, шаҳри Душанбе
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 9-умин Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейширо ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва натиҷаҳои конфронси Душанбегии “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз сатҳи баланди робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳавасманд аст, то имкониятҳои таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо, бо дарназардошти манфиатҳои муштараки ду кишвар, ба таври самаранок истифода шаванд.
|
Wednesday, 31 March 2021 01:09 |
There are no translations available.
На днях я прочитал выступление Камчыбека Ташиева, главы делегации Киргизии на пресс-конференции по итогам первого раунда переговоров Таджикистана и Киргизии по вопросам размежевания госграницы. На мой взгляд – полный бред. Так кто же он такой – Камчыбек Ташиев?
|
Tuesday, 30 March 2021 11:21 |
There are no translations available.
Суханронӣ дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”
30.03.2021 12:08, шаҳри Душанбе
Ҷалолатмаоб доктор Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,
Муҳтарам иштирокдорони Конфронс,
Меҳмонони гиромӣ,
Сараввал иштироки Шуморо дар Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”, ки имсол “Тақвияти ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд” номида шудааст, сидқан хайра мақдам мегӯям.
Ҳамзамон, мехоҳам шуморо ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи иштирокдорони нишасти имрӯза саломатию хушбахтӣ, барори кор ва комёбиҳо орзу намоям.
Тоҷикистону Афғонистонро муштаракоти зиёди тамаддунӣ ва робитаҳои зичи ҳусни ҳамҷаворӣ ба ҳам мепайванданд.
Мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, решаҳои муштараки таърихии мо ба умқи ҳазорсолаҳо мерасанд.
Аз ин рӯ, табиист, ки мо ба сарнавишти бародарони афғони худ бетафовут нестем.
Ҳар дарду ранҷе, ки мардуми Афғонистон мекашад, дар қалби мардуми тоҷик низ садо медиҳад.
|
Tuesday, 30 March 2021 11:10 |
There are no translations available.
Иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”
30.03.2021 11:46, шаҳри Душанбе
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ, ширкат доштанд.
Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.
|
Saturday, 27 March 2021 08:32 |
There are no translations available.
БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ МО
Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайрави аз иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ва омӯхтани таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони то синни 30 сола озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид. Озмун санаи 23-юми марти соли 2021 баргузор гардида, иштирокчиён аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз 226 нафар иштирокчиёни озмун 14 нафар ба зинаҳои ифтихорӣ роҳ ёфта, беҳтарин донандагони шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғавуров интихоб шуданд.
|
|