Monday, 15 March 2021 12:34 |
There are no translations available.
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ
УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 15-уми марти соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои гиромидошти хотири неки Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналхалқии “Springer Nature” дар солҳои 2015 ва 2016, соҳибҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Асосгузори мактаби илмӣ-омӯзишии системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия, д.и.х., профессор, шодравон Солиев Лутфулло дар даромадгоҳи факултети химия лавҳаи хотиравӣ кушодаву ва бо ихлосу иродати хоса як лабараторияи илмӣ-тадқиқотии “Омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” ба номи неки ин марди хирад номгузорӣ гардид.
Дар маросими кушодашавӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода доир ба хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ сухан ронда, меҳмонон, дӯстону ҳамкасбони марҳумро ба ин боргоҳи маънӣ хайрамақдам намуд.
|
Monday, 15 March 2021 11:21 |
There are no translations available.
Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021
15.03.2021 15:30, шаҳри Душанбе
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.
Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.
Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.
|
Monday, 15 March 2021 11:03 |
There are no translations available.
ЗИ КӮИ ЁР МЕОЯД, НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ
Таҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбия ва бо роҳбарии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Мунаввара Турсунова дар толори Шӯрои олимони факултет бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.
|
Saturday, 13 March 2021 12:03 |
There are no translations available.
“ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ”
Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.
Бо чунин суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси кушоди тарбиявии донишҷӯёни соли сеюми факултети биология зери роҳбарии куратори гурӯҳ Сатторов Б., баргузор гардид. Нахуст, декани факултет н.и.б., Бобозода Илҳомҷон доир ба муҳтаво ва нақши асари пурарзиши Пешвои миллат, андешаронӣ намуд. Дар идома донишҷӯён доир ба ҳар фасли ин асари пурмазмун маълумот дода,
|
Saturday, 13 March 2021 11:49 |
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Рӯзҳои 12 ва 13-уми марти соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дарёфти ҷоми Академия дар байни муассисаҳои олии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиада донишҷӯёни зерини донишгоҳ аз рӯйи ихтисоси биология Бозорова Нилуфар ба гирифтани ҷои аввал, Раҷабов Фозилҷон ба гирифтани ҷои дувум ва инчунин Рӯзиматова Парвина аз рӯйи ихтисоси химия ба гирифтани ҷои дуввум сарфароз гардиданд.
|
Friday, 12 March 2021 12:04 |
There are no translations available.
ГӮШИ ДУНЁ БИШНАВАД, ОВОЗИ АНГУШТИ МАРО
Санаи 11-уми марти соли 2021 бо ташаббуси муовини директор оид ба ба корҳои таълимии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ”, ҳамзамон, саромӯзгори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Қувватов Саттор Дилдорович дар муассисаи мазкур таҳти унвони “Гӯши дунё бишнавад, овози ангушти маро” озмун байни хонандагони синфҳои дуюм баргузор гардид.
|
Friday, 12 March 2021 11:54 |
There are no translations available.
САЙИДО БАЗМЕ БА ХУНИ ДИЛ МУҲАЙЁ КАРДААСТ...
Рӯзи 12-уми марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси қисми тарбияи факултет ва омӯзгорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт дотсент Қурбонов А., муаллими калон Норова Г., конференсия дар мавзӯи “Сайидо ва мавқеи он дар адабиёти тоҷик” баргузор гардид. Нахуст, устодон д.и.ф., профессор Муллоев Абдусамад ва дотсент Қурбонов Абдумаҷид атрофи рӯзгор ва осори шоири ширинсухани асри ХVII - и тоҷику форс Миробид Сайидои Насафӣ андешаронӣ намуданд.
|
|