Wednesday, 24 February 2021 05:15 |
There are no translations available.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР
ФАКУЛТЕТИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА ИБТИДОӢ
Санаи 23-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов, Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ, декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Мадатзода Манзура Тоҷиддин, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Давлатшоҳ Каримов ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ зимни баромади худ иброз дошт, ки “Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, дар рушду нумӯ, оромиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши созгор дорад”.
|
Tuesday, 23 February 2021 10:31 |
There are no translations available.
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори
28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
23.02.2021 11:17, шаҳри Душанбе
23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
|
Tuesday, 23 February 2021 10:24 |
There are no translations available.
Суханронӣ ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
23.02.2021 11:00, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ! Ҳозирини гиромӣ!
Бо камоли ифтихор тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Ҳамчунин, бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.
|
Monday, 22 February 2021 10:38 |
There are no translations available.
ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ
Рӯзи 22-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори Шӯрои олимон ҳамоиши умумидонишгоҳӣ бо иштироки декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ва мудирони кафедраҳо, инчунин устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ таҳти унвони “Забони модарӣ ва истиқлоли миллӣ” баргузор гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Р., маҷлисро оғоз намуда доир ба забони модарӣ ва мақоми он суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд, ки “Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд.
|
Monday, 22 February 2021 10:33 |
There are no translations available.
ВАТАН ҲАРФИ ПОКИ САДОЯМ ТУӢ
Бо чунин мақсад, санаи 22-уми феврали соли равон дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Чорабинӣ бо сухани табрикотии омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин факултет н.и.ф., Равшани Ҳамроҳ оғоз шуда, доир ба Артиши миллии кишвар, ки рӯз ба рӯз пуриқтидор гардида истодааст, андеша ронд.
|
Monday, 22 February 2021 04:42 |
There are no translations available.
АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЪТИМОДИ ВАТАН
Рӯзи 19-уми феврали соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., сардори собиқадорони ҷангу меҳнаи ВКД ҶТ, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аҳли раёсат ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, тамоми омӯзгорону кормандони донишгоҳро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд. Пас аз он, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз ҳисоби донишгоҳ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
|
Saturday, 20 February 2021 09:08 |
There are no translations available.
АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН
Таҳти ҳамин унвон санаи 20-уми феврали солии 2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, чорабиниро муовини декан оид ба корҳои таълим Умедҷони Лоиқшо ҳусни оғоз бахшид. Пас аз он, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ-сипари боэътимоти Ватан” доир ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як вазъияти душвор бо азму иродаи қавӣ Артиши миллиро таъсис додаанд, андешаронӣ намуд.
|
|