Saturday, 23 January 2021 05:47 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
22.01.2021 11:27, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Бо дарназардошти мақому манзалати барҷастаи Донишгоҳ, Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2020 оид ба таъсис додани осорхонаи нав ҷиҳати инъикоси давраи таҳсили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити имрӯза ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз ватан ва арзу сипоси устодон ва донишҷӯён ба ватану миллат ва Пешвои муаззами хеш, қарор қабул карданд.
|
Saturday, 23 January 2021 05:30 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
22.01.2021 11:24, шаҳри Душанбе
22 январи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бонуфузи олии таълимии мамлакат ба шумор меравад.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 21 марти соли 1947 ҳамчун “Университети давлатии Тоҷикистон” таъсис ёфта, аз 28 октябри соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кардааст.
Айни ҳол, Донишгоҳ дорои 19 факултет бо фарогирии 118 кафедра, Институти илмӣ - тадқиқотӣ, литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаи электронӣ, 103 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 14 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 10 маркази интернетӣ, 39 синфхонаи компютерӣ, 9 синфхонаи лингофонӣ, маркази биотехнологӣ, парки технологӣ, маркази омӯзиши забонҳо, Институти Конфутсий, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, маркази тестӣ, технологияи иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, курси тайёрӣ, 4 толори варзишӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад.
|
Friday, 22 January 2021 10:56 |
There are no translations available.
БОЗ ЯК САНҶИШИ ПУРАРЗИШ
Рӯзи 19-уми январи соли 2020 намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи санитарию эпидемитологӣ ва назорат дар соҳаи нақлиёту сарҳадот» ҷиҳати гузаронидани аттестатсия ба донишгоҳ ташриф оварданд. Тибқи шартнома миёни МД «МЭСЭННС» ва раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир ба ташкил ва дар амал татбиқ намудани кор оид ба таҳқиқоти таҷҳизотию лабораторӣ ва омилҳои муҳити истеҳсолӣ, инчунин раванди меҳнат ва арзёбии мутобиқати шароити кориро ба меъёрҳои гигиенӣ бояд аз тарафи муассисаи болозикр мавриди санҷиш қарор гирифта шавад.
|
Friday, 22 January 2021 10:12 |
There are no translations available.
ВАРЗИШ ГАРАВИ СОЛИМИИ ҶОМЕА
Таҳти ҳамин унвон, ба ифтихори ҷашни 90-солагии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва инчунин 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми январи соли 2021, соати 16:00 дар майдончаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд то синни 35-сола баргузор гардид, ки дастаи футболбозони донишгоҳ бо дастаи футболбозони Колеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат намуданд. Дар бозии рафиқона, дастаи футболбозони донишгоҳ аз худ маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, бо ҳисоби калони 8:3 рақиби худро шикаст доданд ва бо чунин натиҷа пирӯзӣ насиби дастаи фулболбозони донишгоҳ гардид.
|
Friday, 22 January 2021 09:50 |
There are no translations available.
МО ПАЙРАВОНИ АСИЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Санаи 22-юми январи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пойтахт” бо иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизби ҷавонони “Пойтахт” Раҳимзода Шоҳзод, муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ Ҷурахонзода Ҷумъахон, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Раҷабов Дилшод ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, баргузор гардид.
|
Friday, 22 January 2021 04:56 |
There are no translations available.
ЗИМИСТОН МЕКУНАД, ҲАР ДАМ ЗИМИСТОНӢ
Зимистони имсола аз зимистонҳои солҳои қаблӣ бо хусусияти барфборандагӣ фарқкунанда аст. Аз ҷониби раёсати донишгоҳ барои гузаронидани зимистони имсола тадбирҳои судманд андешида шудааст. Кормандони қисми хоҷагӣ аз субҳи содиқ ба тоза кардани барфи роҳраву саҳни биноҳои таълимии донишгоҳ оғоз намуда, барои тозанигаҳдории пайроҳаҳои канори роҳи марказӣ низ саҳм мегузоранд. Таконидани шохаҳои дарахтон, рӯфтани зинапояҳои мармарӣ, пошидани намаки махсус байни гузаргоҳҳои биноҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорону кормандони самти мазкур ҷиҳати ғамхорагии вазъи саломатии аҳли ҷомеа ба шумор меравад, ки ин ҳама зери дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ д.и.т. профессор Усмонзона Н.У. қарор дорад.
|
Tuesday, 19 January 2021 11:47 |
There are no translations available.
ТАБИБО, НАБЗИ МОРО ТУ САРОБОН
Дармонгоҳи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, яке аз зерсохтори қисми хоҷагӣ ба ҳисоб рафта, ҳамарӯза фаъолияти худро ҷиҳати солимгардонии устодону кормандон ва донишҷӯёну дигар муроҷиаткунандагон дар доираи оинномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Имрӯзҳо дар дармонгоҳ мутахассисони касбӣ аз қабили: духтури бемориҳои дарунӣ, чашм, гулӯ ва гӯшу бинӣ, дандонпизишк, ултрасадо, духтури амрози занона, функсионалист, доругузаронӣ ва утоқи бақайдгирӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
|
|