• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Tuesday, 17 November 2020 03:18
There are no translations available.

 

ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ 80-СОЛА ШУД

40.JPG - 141.81 KbСанаи 17 - уми ноябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ конфренсияи илмӣ – амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Муносибати босалоҳият дар ташаккули маҳорати нутқи омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба 90 – умин солгарди таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва 80-умин солгарди таъсисёбии факултети забонҳои романию германӣ баргузор гардид.

 
Monday, 16 November 2020 08:43
There are no translations available.

 

Мизи мудаввар дар кафедраи умумидонишгоҳии

«Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм»

37.JPG - 159.70 KbСанаи 16.11.2020 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои муаззами миллат - ҳомии маорифи кишвар» бо иштироки омӯзгорони кафедра доир гардид. Нахуст, мизи мудаввар бо суханронии мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ Ҷӯраев Хайём оғоз шуда, ӯ афзуд, ки «Нақши Пешвои муаззами миллат” аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадани хеш  ба зарурати таҷдиди назар ба ин соҳа пай бурда, бо камоли ояндабинӣ, фазилат, заковат ва хираду андешаи сиёсӣ ва ватандӯстӣ дар рушду пешрафти ватани азизамон саҳм гузоштанд.

 
Monday, 16 November 2020 03:36
There are no translations available.

 

НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР ИСТИҚЛОЛИ ҶОМЕАИ МУТАМАДДИНИ ТОҶИК

32.JPG - 132.21 KbРӯзи 16.11.2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки меҳмонон ва устодону донишҷӯён семинари илмӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси муовини ректор оид корҳои ба илмӣ, д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир ба роҳ монда шуда, нахуст сухан дар бораи хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории навини тоҷикон рафт.

 
Monday, 16 November 2020 12:26
There are no translations available.

 

ЭЪЛОН!

26.JPG - 228.80 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қабули довталабони шаҳрвандони хориҷиро дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ аз рӯйи ихтисосҳои зерин то санаи 30-уми ноябри соли 2020 ба роҳ мондааст.

1 – 020401 Биология,

1 – 020404-01  Биология. Химия

1 – 020402 География

1 – 020405-01 География-биология

1 – 190101 – 0501 Дизайни маҳсулоти дӯзандагӣ

1 – 020301 Забон ва адабиёти тоҷик

1-020304 Забон ва адабиёти рус лар мактабҳои миллӣ

1-020501 Математика

1-020503-02 Математика-информатика

1-230104-02 психологияи иҷтимоӣ

 
Saturday, 14 November 2020 12:00
There are no translations available.

 

16-ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сифатҳои волои Сарвари давлат ва самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди нави таҷаддуд қарор дорад. Баъди побарҷо намудани рукнҳои муҳими давлатдорӣ масъалаҳои таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҳифзи сарватҳои маънавии ҷомеа аз таҳдиду хатарҳои рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, бунёди иншооти муҳими мавриди ниёз, минҷумла мактабу биноҳои маъмурӣ, таккон бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, мавриди истифода қарор додани садҳо иншооти наву замонавӣ нақши меҳварӣ пайдо намуданд. Дар саргаҳи ин бунёдкориҳо, дигаргунсозиҳо, пешрафтҳо, ободониҳо ва тозакориҳо афроди миллатдӯсту меҳанпараст ва ватанхоҳ қарор доранд, ки ҳамарӯза дар садади пеш гирифтани иқдоми тоза ба манфиати ҷомеа мебошанд.

 
Saturday, 14 November 2020 10:10
There are no translations available.

 

РӮНАМОИ БОЗ ЯК КИТОБИ НАВ ДАР ДДОТ БА НОМИ С.АЙНӢ

21.JPG - 160.75 KbСанаи 14 –уми ноябри соли ҷорӣ дар толори шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯён, рӯнамои китоби нави муҳаққиқ, адабиётшинос, д.и.ф., профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт Исрофилниё Шарифмурод Раҳимзода таҳти номи “Намунаҳои адабиёти суғдӣ”, ки ба истиқболи 5500 – солагии Саразми бостон рӯи чоп омадааст, баргузор шуд. Исрофилниё Ш., афзуд, ки “Намунаи адабиёти суғдӣ” нахустин маҷмӯаи мукаммали осори бозмондаи адабиёти суғдии ниёкони мо тоҷикон аст.

 
Saturday, 14 November 2020 08:22
There are no translations available.

 

ПЕШВОИ СУЛҲОВАРИ ТОҶИК

15.JPG - 198.80 KbИмрӯз шанбе, 14.11.2020  дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони "Президенти мо-ифтихори мо" баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

 


Page 143 of 311
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в