Wednesday, 11 November 2020 09:38 |
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲ МУБОРАК БОШАД
Рӯзи 10.11.2020 мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аз санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ барои дарёфти Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид.
|
Tuesday, 10 November 2020 10:15 |
There are no translations available.
ОИЛА ВА ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Санаи 10.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Оила ва фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи муосир” баргузор гарддид. Конференсияи илмӣ-амалии мазкур ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, тамоми меҳмонони иштирокнамударо ба ин даргоҳи илму маърифат хуш омадед намуд.
|
Monday, 09 November 2020 17:49 |
There are no translations available.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
06.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
Яъне Конститутсияи даврони истиқлоли мо ҷавобгӯ ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар буда, то имрӯз барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши калидӣ мебозад.
|
Monday, 09 November 2020 10:47 |
There are no translations available.
МЕТОДИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ
Рӯзи 8.11.2020 бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ дар мавзӯи “Тадбиқи низоми муносибати босалоҳият дар таълими забон ва адабиёт” бо иштироки декани факултет д.и.ф, профессор Восиева Рухшона, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, прорфессор Шарифмурод Исрофилниё, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Солеҳов Шамсиддин, мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Азиз Мирбобоев, муовинони декан ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
|
Friday, 06 November 2020 14:41 |
There are no translations available.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
06.11.2020 06:00, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мардуми шарифи мо ҳар сол санаи қабул гардидани ин санади муҳимми тақдирсозро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд, аз ҷумлаи дастовардҳои бисёр арзишманди даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони шарафманди кишварро самимона табрик мегӯям.
Ҳадафи мо аз ҳамасола ҷашн гирифтани рӯзи қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, эҳтирому арҷ гузоштан ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони кишварамон заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.
Дар асоси Конститутсия таъмин намудани соҳибихтиёрӣ, истиқлолу озодӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат буда, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоии давлат ҳамчун меъёрҳои пойдору устувори он эътироф гардидаанд.
Дар ин санади бунёдии давлат мақсаду вазифаҳо, асосҳои сохтори давлатдорӣ, рамзҳои давлатӣ, ҳудуди кишвар, муносибат ба моликият, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври возеҳу равшан инъикос шудаанд.
|
Thursday, 05 November 2020 14:25 |
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”
Рӯзи 5.11.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Расулзода Насимҷон - раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раҷабзода Эраҷ - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қувватзода Сайдулло Зувайд - муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Раҷабов Дилшод Амиралиевич - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” ва инчунин аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд. Нахуст ҳисоботи муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” Қувватзода Сайдулло Зувайд шунида шуд.
|
Thursday, 05 November 2020 09:46 |
There are no translations available.
БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
5-уми ноябри соли ҷорӣ, бо ташаббуси мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ профессор Саидмуроди Хоҷазод ба ифтихори 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ таҳти унвони «Бахтномаи миллат» баргузор гардид. Саидмуроди Хоҷазод чорабиниро оғоз намуда, афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ваягона мебошад, ки 6-уми ноябри соли 1994 нахустин маротиба дар асоси изҳори иродаи бевоситаи халқи Тоҷикистон бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
|
|