• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз165
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ҳафта1191
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6892
mod_vvisit_counterМоҳ8952
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ821864

Online 20
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-10 03:39
Tuesday, 15 February 2022 12:49
There are no translations available.

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС - МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН, ОМӮЗГОРОН ВА ҶОМЕА

15 феврали соли 2022 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус мизи мудаввар оид ба масъулияти волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас баргузор гардид. Дар чорабинӣ нозири ШОПҲНҶ ШВКД дар  ноҳияи И.Сомонӣ подполковники милитсия Ҳайдарзода М., мудири шуъбаи тарбия Муродов А., садорати факултет ва донишҷўёну волидони онҳо ширкат варзиданд.

 
Saturday, 12 February 2022 06:03
There are no translations available.

ДАРСИ КУШОД - НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ТАҶРИБАОМӮЗОН

11 феврали соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 –и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҷониби таҷрибаомӯзони курси 3-юми факултети забон ва адабиёти рус таҳти роҳбарии методисти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси донишгоҳ А.Кулиев дарси кушод аз фанни забони русӣ дар мавзуи “Ҳайвоноти хонагӣ” баргузор шуд. Дарси кушод аз маълумотдиҳӣ дар бораи ҳайвоноти хонагӣ, бозиҳои шавқовар ва нақл аз рӯи расм бо забони русӣ иборат буд.

 
Friday, 11 February 2022 11:12
There are no translations available.

ИЛМУ МАОРИФ – САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

11 феврали соли 2022 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  чорабинӣ доир ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Илму маориф – самти афзалиятнок дар Паёми Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он декани факултет Муҳаммадсалим Усмонов, мудири бахши магистратураи донишгоҳ Саодат Ахиева, мудири кафедраи умумидонишгоҳии  сиёсатшиносӣ Толиб Амиров, муовинони декан, мудирони кафедраҳои тахассусӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок карданд.

 
Thursday, 10 February 2022 10:06
There are no translations available.

РӮНАМОИ СИЛСИЛАКИТОБҲОИ “АХТАРОНИ АДАБ”


10 феврали соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамои силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” бо иштироки олимону адибон, намояндагони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра баргузор шуд.   Инчунин, дар саҳни Китобхона намоиш - фурӯши силсилакитобҳои “Ахтарони адаб” ва китобҳои тозанашри нашриёти “Адиб” барои ҳаводорони ин силсилакитобҳо роҳандозӣ гардид.  Дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок намуданд.

 
Wednesday, 09 February 2022 13:56
There are no translations available.

КӮМАКИ ҶОПОН БАРОИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

9 феврали соли 2022 маросими ҷамъбасти “Лоиҳаи таҳияи Барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир”, ки аз тарафи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ татбиқ шуд, баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Айки, ҳамоҳангсози Барномаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон Рейка Ҳорио, ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, раиси Иттифоқи миллии маъюбони Тоҷикистон Асадулло Зикрихудоев ва дигарон иштирок ва баромад намуданд.

 
Saturday, 05 February 2022 05:36
There are no translations available.

ШАҲРАМОНРО БА ШАҲРИ “САБЗ” ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!

5 феврали  соли 2022 бо ибтикори факултети таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар гирду атрофи донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти шиори “Шаҳрамонро ба шаҳри “Сабз” табдил медиҳем!” баргузор гардид. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қисми тарбияи донишгоҳ ва садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ширкат намуда, дар кабудизоркунии гирду атрофи донишгоҳ саҳми назарраси хешро гузоштанд.

 
Friday, 04 February 2022 10:36
There are no translations available.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ

4 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сангинзода Ғайрат, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзода Маҳкам Ҷума, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нусратулло Маҳмудзода, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

 


Page 152 of 375
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks