• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 29 October 2020 05:51
There are no translations available.

 

МАҲФИЛИ "КИШВАРШИНОС"

 

121.jpg - 435.50 Kb28-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет ва меҳмонон аз Корея Ҷонг Ҳоил ва Ли Ҷонг Сук маҳфили "КИШВАРШИНОС" баргузор гардид.

Сараввал, омӯзгори кафедраи мазкур Шодмонова Дилхоҳ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин маҳфилро барои афзун намудани маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён хуб арзёбӣ кард.

 
Wednesday, 28 October 2020 03:06
There are no translations available.

 

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

117.png - 152.53 Kb27.10.2020 19:04, шаҳри Душанбе

27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 баррасӣ карда шуд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.

 
Sunday, 25 October 2020 04:32
There are no translations available.

 

ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

ИДОМА ДОРАД

114.jpg - 263.03 Kb

Имрӯз, якшанбе, санаи 25.10.2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумидонишгоҳӣ ҳамчун идомаи рӯзи гузашта (24.10.2020) ҷиҳати тозакориҳо дар саҳни донишгоҳ ва атрофи он бо иштироки устодону кормандон барои иҷрои нақшачорабиниҳои доимамалкунанда бо мақсади “Тоза нигоҳ доштани муҳити атроф” баргузор гардид.

 
Saturday, 24 October 2020 04:42
There are no translations available.

 

ДАР ОБОДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР САҲМГУЗОРЕМ

83.JPG - 213.42 KbСубҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Аз рафти шанбегӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид дидан намуда, зимни суҳбат бо ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Н.У. қайд дошт, ки ҳар як шахсе, ки дар пойтахти кишвар истиқомат мекунад,  дар гулгулшукуфоии он низ саҳмгузор бошад. Бояд ба хотири зебову озода нигаҳ доштани Душанбешаҳр, ки макони баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аст, ҳамеша саъю талош варзем.

 
Saturday, 24 October 2020 03:27
There are no translations available.

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

23.10.2020 17:19, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Зееман дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед, ки Шуморо ҷиҳати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намоям.

Бо камоли майл аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳам боварии устувори худро ҷиҳати он, ки  муносиботи ҳасанаи анъанавии байни кишварҳоямон минбаъд ҳам муваффақона идома хоҳанд ёфт, иброз намоям.

Ба Шумо, муҳтарам Ҷаноби Президент, қабл аз ҳама саломатии бардавом ва дар кору ҳаёти шахсиатон муваффақиятҳои фаровон таманно дорам”.

 
Wednesday, 21 October 2020 03:44
There are no translations available.

 

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва

шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

21.10.2020 17:46, шаҳри Душанбе

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

“Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати пирӯзии эътимодбахш ва аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Муътақидам, ки таҷрибаи ғании Шумо дар соҳаи сиёсати давлатӣ дар оянда низ ба субот, тараққӣ ва шукуфоии кишваратон мусоидат хоҳад кард.

Хеле шодам, ки аз лаҳзаи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ дар соли 1992 муносиботи дуҷонибаи мо дар соҳаҳои гуногун ба таври мунтазам рушд меёбанд.

Самимона изҳори боварӣ менамоям, ки дар якҷоягӣ бо Шумо ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд ва самарабахши байни кишварҳоямонро тавсеа хоҳем бахшид.

Иҷозат фармоед, ки бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Шумо саломатии қавӣ ва ба мардуми тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно намоям”.

 
Wednesday, 21 October 2020 08:52

 

SCIENTIFIC CLUB "YOUNG INFORMATICS"

79.JPG - 209.98 KbOn October 21st, 2020, in the classroom No. 8 of the faculty of Mathematics, was held the next scientific club "Young Informatics" with the support of the head of the ICT chair Latipov Safarali under the guidance of the candidate of pedagogical sciences Najmiddinov Abdugafor.

 


Page 153 of 317
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в