Saturday, 03 October 2020 11:35 |
There are no translations available.
«Башарро раҳнамо ҳастӣ, муаллим!»
Санаи 3-юми октябри соли 2020 дар синфхонаи №12-и факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи омӯзгор» таҳти унвони «Башарро раҳнамо ҳастӣ, муаллим!» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндаи шуъбаи тарбияи донишгоҳ, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессору омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
|
Saturday, 03 October 2020 03:33 |
There are no translations available.
Намоиши дастранҷи “Мактаби бачагонаи рассомӣ”
Санаи 3-юми октябри соли равон, дар гулгашти назди ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи рассомӣ»-и Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе бахшида ба иди касбии омӯзгорон дастранҷи наврасонро ба намоиш гузошт. Намоиши мазкур аз соати 9:00 то 14:00 идома ёфт. Ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода аз ин намоиши наврасону ҷавонон дидор ба амал оварда,
|
Saturday, 03 October 2020 02:32 |
There are no translations available.
Нақши
Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол
Ба ифтихори Рӯзи забон бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ва ибтикори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо чунин унвон ҳамоиш баргузор гардид.
Онро бо сухани муқаддимавӣ Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, дар мавриди саҳми Пешвои миллат барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, Нақши Паём дар ташаккул ва рушди муҷаддади забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол, ҳифзи забон дар фароянди ҷаҳонишавӣ ибрози назар намуд.
|
Saturday, 03 October 2020 09:26 |
There are no translations available.
КАМОЛ-ШОИРИ ШУҲРАТЁР
Имрӯз, дар факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфиле ба хотири гиромидошти 700-солагии Шайх Камол Хуҷандӣ зери унвони “Камол-шоири шуҳратёр” баргузор гардид. Дар ин маҳфил ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н., мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ, муҳаққиқи осори Камоли Хуҷандӣ, шоир Абдуҷаббори Суруш ва устодону донишҷӯёни факултаи филогияи тоҷик ширкат намуданд.
|
Friday, 02 October 2020 11:36 |
There are no translations available.
ЧАРОҒИ ИЛМУ ИРФОНӢ, МУАЛЛИМ!
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон
Устодон ва омӯзгорони гиромиқадр, муҳтарам кормандони соҳаи маориф ва илм!
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр, ҳамчун рамзи эҳтиром ба аҳли таълиму тарбия дар Ватани азизи мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору шукргузории мо – кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад.
|
Friday, 02 October 2020 10:52 |
There are no translations available.
МУАЛЛИМ ЧАШМИ ДИЛҲО БОЗ СОЗАД...
«Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона,
қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд» Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 2-юми октябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи омӯзгорону кормандон “Рӯзи омӯзгор” таҷлил карда шуд. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. суханронӣ намуда, тамоми устодони донишгоҳро бо иди касбияшон муборакбод гуфта, барояшон дар ҷодаи фаъолияти илмиву таълимиашон комгориҳои беназирро таманно намуд.
|
Thursday, 01 October 2020 05:46 |
There are no translations available.
ПРИГЛАШЕНИЕ К УЧАСТИЮ В КОНКУРСНОМ ОТБОРЕ
МЕСТНОГО КОНСУЛЬТАНТА
Республика Таджикистан.
Проект «Развития высшего образования».
Окно 1. Улучшение качества и актуальности высшего образования для рынка труда
Таджикский государственный педагогический университет имени Садриддина Айни
|
|
|
|
Page 157 of 317 |