Monday, 21 September 2020 07:44 |
There are no translations available.
Гулназархонӣ дар оромгоҳи Лучоб
Субҳи 20-уми сентябри соли 2020 гурӯҳе аз аҳли қалам ҳаводорони шеъру сухан ва устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияи Рӯдакӣ ба оромгоҳи Лучоб ҳозир шуда, ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ муаллифи Суруди миллӣ устод Гуланазар Келдӣ озмуни “Гулназархонӣ”-ро доир намуданд.
|
Monday, 21 September 2020 07:04 |
There are no translations available.
ФАЛАК ФАРЗОНАГОНРО КУШТАНАТ ЧИСТ?!
Фалак боз олиҳаву фарзонаеро аз миён бурд, ки то лаҳзаҳои вопасини хеш дар масири зиндагии мардумон нуру зиё мекошт. Инсони комил ҳамонест, ки дар тавону вуҷуди хештан ҳар нексириштиеро, ки аз “устоди азал” омӯхтааст, ба дигарон низ талқин менамояд ва ҳарчанде дар ҷодаи омӯзиш дақиқу амиқ меравад, комилтар мешавад, худро аз хоксорӣ нокомил мепиндорад. Нафаре, ки дорои ҳамаи ин хислатҳои хуби инсонӣ буд, марди покзоду покдил, поктиннату покмаром, ҳалиму меҳрубон, хоксору фурӯтан ва инсондӯсту инсонпарвар устоди зиндаёд Лутфулло Солиев буд, ки саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат аз он ҷумла илми кимиёи тоҷик хеле назаррас буд. Яке аз ахтарони кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991),
|
Saturday, 19 September 2020 11:55 |
There are no translations available.
Боз як хуршед нур афкандааст...
Имрӯз Ҳалимова Зарина Раҳимҷоновна омӯзгори кафедраи методикаи таълими забони англисии факултети забони англисӣ рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Асосҳои лингводидактикии ташаккули муоширати касбӣ бо забони хориҷӣ дар донишҷӯён – омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ” бо мувафақият ҳимоя намуд. Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ муаллимаи азизро бо ин рӯзи хотирмон таҳният гуфта, дар кору эҷодиёташон комёбиҳои назаррасро таманно менамояд.
|
Friday, 18 September 2020 11:38 |
There are no translations available.
Туро ин шаст бо ин шаст муборак
Имрӯз шоир, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии вилоятии вилояти Суғд ба номи Қутби Киром, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ устод Равшани Ҳамроҳ ба синни мубораки шастсолагӣ расиданд.
|
Friday, 18 September 2020 04:01 |
There are no translations available.
Саразм-сароғози тамаддуни тоҷикон
Дар фазои фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ахтари дурахшони тамаддун падидор гардид. Яъне ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакент ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии Кумитаи омӯзиш ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид карда шуда, ин тасмим дар иҷлосияи Кумитаи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 25-уми июл то 3-юми августи соли 2010 дар Бразилия идома дошт, гирифта шуд. Маҷмааи бостонии Саразм нахустин макони дорои аҳамияти таърихию фарҳангии Тоҷикистон аст, ки ба Феҳристи Мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.
|
Wednesday, 16 September 2020 03:29 |
There are no translations available.
Оғози кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
16.09.2020 13:56, ноҳияи Ҷаббор Расулов
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд.
Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти тирамоҳӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россия кишт карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Россия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти тирамоҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
|
Wednesday, 16 September 2020 03:26 |
There are no translations available.
Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи
истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
16.09.2020 11:29, ноҳияи Ҷаббор Расулов
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.
Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.
Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр. то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.
|
|