• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 13 December 2019 10:37
There are no translations available.

 

Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии

факултети забон ва адабиёти рус

378.JPG - 259.06 KbДар санаи 12-уми декабри соли 2019 дар толори асоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии факултети забон ва адабиёти рус ва ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии  такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хатмкунандагони солҳои гузаштаи  факултет ва меҳмонон иштирок намуданд, аз он ҷумла: Спектор  Александра Леонидовна, Муллоев Шариф Бакиевич,  Нозимов Абдулахад Абдуалимович ва ғайраҳо.

 
Saturday, 07 December 2019 11:08
There are no translations available.

 

“16-рӯз алайҳи зӯроварӣ”

(мизи мудаввар)

362.jpg - 692.46 KbДар санаи 7-уми декабри соли 2019 мизи мудаввар бахшида ба “16-рӯз алайҳи зӯроварӣ” дар факултети психология ва таҳсилоти фарогир, кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ гузаронида шуд.

Дар он декани факултет Обидова М.И., мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ Кенҷаева З.Х., ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ Маҳмудов Ш., ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Сафаров У., омӯзгорони кафедраҳои факултет ва донишҷӯён иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар омода намудани чорабинии мазкур саҳми омӯзгорон Муродзода С. ва Фархуддинова Ҷ.  зиёд мебошад.

 
Saturday, 07 December 2019 09:10
There are no translations available.

 

Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ

«Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими

фанҳои тахассусии синфҳоиибтидоӣ»

352.JPG - 165.78 KbСанаи 07 декабри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими фанҳои тахассусии синфҳои ибтидоӣ»  бо ташабуси мудири  кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ дотсент Бегимов Ҳ.Х. баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., проффесор Мирзораҳимов А.К. ва доираи васеи устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

 
Wednesday, 04 December 2019 07:54
There are no translations available.

 

Вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён

345.JPG - 166.41 KbСанаи 04-уми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ - Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, муовини аввали директори эндокринологияи шаҳри Душанбе - Хушнудҷони Мирзомурод, сармутахассиси раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  - Қузибоев Қосимҷон, сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба асабшиносӣ - Ҷумаев Мирдодо Шарофович, Сардори шуъбаи тиббии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар - Раҳимов Илҳом, табибони дармонгоҳи донишгоҳ ва зиёда аз 400 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

 
Wednesday, 04 December 2019 10:14
There are no translations available.

 

Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон

342.JPG - 184.16 Kb“Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем”

Эмомалӣ Раҳмон

Аз соли 1992 инҷониб бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид санаи 3 декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ғамхорӣ ба маъюбон пазируфта шудааст. Дар ин рӯз, дидорбинии маъюбон ва амалӣ намудани иқдомҳои хайрхоҳонаю кӯмакҳо нисбати онҳо гузаронида мешавад.

 
Tuesday, 03 December 2019 14:12
There are no translations available.

 

Вохӯрии намояндагони Маркази интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

315.JPG - 128.10 KbДар санаи 03-юми декабри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Маркази интихоботӣ ва раъйпурсии Ҷумуҳурии Тоҷикистон бо устодону кормандон баргузор гардид. Вохӯрии мазкурро Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфтанд.

 
Tuesday, 03 December 2019 03:22
There are no translations available.

 

ЭЪЛОН

МУАССИСАИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР  НАЗДИ   ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ

ОМӮЗГОРИИ    ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

100.JPG - 97.10 KbБа маълумоти Шумо мерасонад, ятимони куле, ки дар донишгоҳ таҳсил мекунанд Парки технологӣ як қатор имтиёзҳоро барои донишҷӯёни номбурда аз ҷумла, курсҳои забономӯзи,курсҳои тайёрӣ, ва репетиторӣ,  курсҳои дузандагӣ ва истифода аз нонвойхонаву сартарошхонаи донишгоҳ ба таври ройгон пешниҳод менамояд.

 


Page 175 of 311
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в