|
Tuesday, 08 June 2021 03:49 |
|
There are no translations available.
РАЁСАТИ ТАЪЛИМ, ПИРӮЗӢ МУБОРАК БОД!
Шурӯъ аз 25-уми майи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-салагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин барои сазовор пешвоз гирифтани “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” мусобиқаи дӯстонаи волейбол байни омӯзгорон ва кормандони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, қисми хоҷагидорӣ, факултетҳои таърих, математика, химия, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, биология, география, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар даври аввал байни ҳам сабқат намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дастаҳои раёсати таълими донишгоҳ, факултети математика, факултети физика ва факултети таърих ба даври финалӣ роҳ ёфта, санаи 8-уми июни соли равон барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар ҷамъбаст бо ҳисоби 3:2 ҷойи аввал насиби дастаи волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи факултети математика ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети физика гардид, ки ғолибон бо “Ифтихорнома”-ву Ҷоми ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин ба як қатор бозингарони беҳтарину доварон аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
|
|
Tuesday, 08 June 2021 09:10 |
|
There are no translations available.
Падарам, нависанда ва рӯзноманигор, шодравон Аброр Зоҳир дар соли охири умраш мехост дар бораи қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур роман нависад. Ба ин мақсад, маълумоти зиёде ҷамъ овард. Аммо умр вафо накард ва чунин коре амалӣ нашуд. Иттифоқо рӯзе дар ҳуҷраи кории падар чанд дастхат бо ин маълумот ба дастам афтод ва кӯшиш намудам, ки мурури шогирдонае ба рӯзгор ва фаъолияти ин абармарди таърихӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон дошта бошам.
|
|
Tuesday, 08 June 2021 09:04 |
|
There are no translations available.
Аслан, зиндагӣ шабеҳи саҳнаи театр аст. Ин саҳна ҳам барои ҳунарманд ва ҳам барои тамошогар муқаддас буда, ҳар касе, ки рӯи он мебарояд, заҳмати зиёде мекашад, то ба назари бинанда худро хуб ва намуна нишон диҳад. Ҳар касе, ки ба олами вуҷуд меояд, рӯи саҳнаи зиндагӣ, нақши мушаххаси худро иҷро хоҳад кард. Нақшҳо мусбату манфӣ, хубу бад, хирадманду ҷоҳил, одилу золим мешаванд. Ба ин хислатҳои инсонии рӯи саҳна танҳо ва танҳо тамошогар баҳои ҳаққонӣ медиҳад. Офарандагони нақшҳо туфайли сифатҳои гуногуни худ ба олами ботинии бинанда таъсири амиқ мерасонад.
|
|
Tuesday, 08 June 2021 08:58 |
|
There are no translations available.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ дар баробари инкишоф додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ташкилотҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ аъзои якчанд созмони бонуфуз гардид.
|
|
Tuesday, 08 June 2021 08:54 |
|
There are no translations available.
Мушкилоти мавҷудаи ҷаҳони муосир ҳар як мамлакатро водор мекунад, ки ба ҳифзи сарватҳои маънавӣ, аз ҷумла захираи зеҳнии миллат, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи амнияти зеҳнҳо, чун ҷузъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Ин нуктаро 21-уми майи соли равон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Зиёӣ зимни суҳбати гирди миз, ки дар мавзӯи «Амнияти зеҳнӣ дар низоми амнияти миллӣ» баргузор шуд, таъкид намуд.
|
|
Monday, 07 June 2021 12:38 |
|
There are no translations available.
Основатель мира и национального единства - Лидер нации, Президент Республики Таджикистан, уважаемый Эмомали Рахмон со дня его назначения на пост Главы государства для обеспечения единства страны, построения национального единства,
восстановления и преодоления послевоенной разрухи, установил дружеские, конструктивные отношения и взаимовыгодное сотрудничество со всеми странами мира, основанные на взаимном уважении и равенстве.
|
|
Monday, 07 June 2021 12:32 |
|
There are no translations available.
Дар таърих ягон давлат дар фазои холӣ аз кашмакашу талошҳои пайваста ва қурбониҳои бешумор ба вуҷуд наомадааст. Аз ҷумла, таъсисёбии кишваре бо номи Тоҷикистон дар соли 1924 ҳамчун давлати худмухтор дар тобеияти Ӯзбекистон ва соли 1929 чун кишвари алоҳида осон набуд. Зеро тоҷикон бештарини сокинони Осиёи Марказиро ташкил дода, қадимтарин миллати муқимии ин минтақа бошанд ҳам, чашми нотавонбинон онҳоро намедид.
|
|