Thursday, 10 October 2019 10:53 |
There are no translations available.
РӮЗИ ФАЛАК
"Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то
замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдӯсти мо ёдгор мондаанд."
(Эмомалӣ Раҳмон)
Фалак жанри мусиқии қадимаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фалак” мақоми шоистаро соҳиб гардид. Барои ҳифзи мероси қадима бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб иди “Рӯзи Фалак” баргузор мегардад.
|
Thursday, 10 October 2019 08:11 |
There are no translations available.
«Пешгирии бемории ВНМО/БПНМ миёни ҷавонон – омили асосии солимии миллат»
Бо мақсади ба донишҷӯён додани маълумоти бештар оиди бемории ВНМО/БПНМО вазъи эпидемиологӣ, роҳҳои пешгирӣ ва омилҳои гузариш, ташхис ва чорабиниҳо оид ба пешгирии вирусҳои сирояткунанда, баланд бардоштани маърифати оиладории духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим, санаи 9 октябри соли 2019 дар толори ДДОТ ба номи С. Айнӣ қисми тарбия, бахши кор бо духтарону занон ва шурои кураторон бо иштироки Алматов Абдуғаффор - муовини директори Маркази саломатии муассисаи №8,
|
Wednesday, 09 October 2019 11:26 |
There are no translations available.
Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии
занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа
(Форуми ҷумҳуриявӣ)
Дар санаи 09.10.2019 дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон-омили рушди суботи ҷомеа" бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва баланд бардоштани нақши занону ҷавондухтарон дар ҷомеа, баргузор гардид.
|
Saturday, 05 October 2019 10:41 |
There are no translations available.
ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ
(дарси кушод)
Дар таърихи 05.10. 2019 вобаста ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иҷрокунандаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик устод Х. Раҳимов дарси кушод гузаронида шуд. Дарс аз фанни таълими забони адабии ҳозираи тоҷик буда, дар мавзӯи «Забони адабӣ ва нишонаҳои он» доир гардид.
Иштироки хонандагон дар курси 1 таҳсилоти ибтидоӣ (тоҷикӣ) 95 % ташкил дод. Дар дарси кушод декани факултет М.Мадатзода, дотсентон Бегимов Ҳ., Тураев Ё., Раҷабов Т., А. Ғаффоров ширкат намуданд. Дарс дар сатҳи баланд баргузор шуда ҷабҳаи таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошт.
|
Saturday, 05 October 2019 05:43 |
There are no translations available.
Омӯзгор - тарбиятгари насли наврас
Дар санаи 5. 10. 2019 дар факултети забони англисӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки декани факултет, дотсент Баротзода Файзиддин, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯёни курси якуми ихтисоси англисӣ-кореягӣ ва англисӣ – хитоӣ чорабини фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзӣ омӯзгорон” баргузор гардид.
|
Friday, 04 October 2019 06:29 |
There are no translations available.
Суханронӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
04.10.2019 10:52, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва
фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо - тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ
ва омили аслии ҳифзи он мебошад.
Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи
мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
http://prezident.tj/node/21519 |
Thursday, 03 October 2019 11:55 |
There are no translations available.
АГАР ДАР ҶАҲОН НАБВАД ОМӮЗГОР…
Саҳифаҳои заррини таърих бо тарбияи дурахшони устодон то имрӯз давом ёфта, бар худ нақши абадӣ ифо намудаанд. Ва бо донишу малакаи худ пайкори муқаддаси хеш ҳамосаҳои шукӯҳманд ва ҷовидро дар созандагии инсон мутааҳҳид ба вуҷуд оварданд ва кохи баланди пояи илм ва фазилатро бино ниҳодаанд. Иғроқ нагуфтаем агар бигӯем, ки маҳз ба шарофатии муаллимон парчами тавҳиду ягонагӣ барафрошта гардидааст.
|
|
|
|
Page 187 of 317 |