Tuesday, 01 October 2019 11:27 |
There are no translations available.
Мушкилоти забони ишора ва роҳҳои омӯзиши он
дар оила барои кӯдакони мушкилоти шунавоӣ дошта
Дар санаи 1 октябри соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Мушкилоти забони ишора ва роҳҳои омӯзиши он дар оила барои кӯдакони мушкилоти шунавоӣ дошта” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ношунавоён баргузор гардид. Дар ин мизи мудаввар мутахассисони соҳа, волидайни дорои кӯдакони мушкилоти шунавоӣ дошта, омӯзгорони мактаб-интернатҳои махсус барои ношунавоён, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишогоҳу коллеҷҳое, ки ношунавоён таҳсил мекунанд ва ташкилотҳои маъюбон ширкат доштанд.
|