Friday, 08 November 2024 04:32 |
There are no translations available.
ОҒОЗИ АМАЛИШАВИИ ЛОИҲА БО БОНКИ ОСИЁИИ РУШД
Имрӯз 07.11.2024 Қурбонзода Рухшона муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо намояндаи Бонки Осиёии Рушд Шин Лонг вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ, намояндаи Бонки Осиёии Рушд масъалаи оғози лоиҳаи навбатиро дар донишгоҳ баррасӣ намуда, аз ҳолат ва омадагиҳои донишгоҳ ибрози андеша намуд. Тавре иттилоъ дода будем, дар доираи лоиҳаи навбатии муштарак дар донишгоҳ бинои нави лабараторӣ бунёд гардида, он бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ аз қабили синфхонаи компютерӣ барои дарсҳои “IT”, лабараторияҳо барои фанҳои химия, физика, математика ва дигар фанҳои дақиқ “STEM” бунёд мегардад. Корбарии лоиҳа аз моҳи январи соли 2025 оғоз гардида, мақсади асосии он бунёди
|
Thursday, 07 November 2024 10:03 |
There are no translations available.
ВОКУНИШ
Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он Мирзокаримзода Мирзомахсуд Тағдир баён медорад, ки ӯро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дастгирӣ накарда, хориҷ намудаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур иттилоъ дода мешавад, ки дар заминаи шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар самти таҳсилоти олии касбӣ Мирзокаримзода М.Т. соли 2022 дар шакли таҳсили буҷавӣ ба факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба курси якум қабул гардида, ҳамзамон бо хобгоҳ дар шакли ройгон низ таъмин аст. Зимнан, бо дастури бевоситаи ректори донишгоҳ Мирзокаримзода М.Т. дар қатори дигар донишҷӯёни имконияташон маҳдуд бо стипендия таъмин гардида, аз соли 2022
|
Thursday, 07 November 2024 09:10 |
There are no translations available.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
Имрӯзҳо (4-7.11.2024) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Конфронси байналмилалии табодули академии Anji Play таҳти унвони "Мерос, ошкорбаёнӣ ва инноватсия" баргузор гардида истодааст. Дар кори он намояндагони кишварҳои Чин, Англия, Испания, Финландия, Тоҷикистон, созмони ЮНЕСКО ва дигар коршиносони байналмилалӣ иштирок доранд. Боиси хушнудӣ аст, ки дар ин конфронси сатҳи байналмилалӣ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 3 нафар иштирок намуда истодаанд. Тибқи барномаи конфронс рӯзи 5 ноябр Азаматзода Ғайратшо - декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи "Рушди таҳсилоти ибтидоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, андешаҳои худро баён дошт. |
Thursday, 07 November 2024 09:08 |
There are no translations available.
КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ СОҲАИ МАОРИФИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
6 ноябри соли 2024 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Дар ин муҳлат амали Конститутсия нишон дод, ки ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ бо назардошти танзими конститутсионӣ рушд ва таъмин гардида, фазои ҳуқуқии мусоид барои баамалбарории ҳуқуқу озодиҳои инсон муҳаё шудааст. Чунки Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, принсипҳои асосии бунёди давлати миллӣ, пешбурди давлатдорӣ ва низоми онро бо нақш ва ҳузури шохаҳои ҳокимияти давлатӣ пурра ва ҳаматарафа танзим намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кард.
Дар давлат ва ҷомеа инсоне озоду масрур зиндагонӣ менамояд, ки фаъолияти ӯ ба принсипи қонуният мутобиқ бошад. Қонуният ҳолати ҳаёти ҷомеа мебошад, ки дар он қонунгузорӣ босифату пайгирона вуҷуд дорад ва қоидаҳои қонунҳое, ки бо тартиби муқарраршуда қабул шудаанд, аз ҷониби мақомот, шахсони мансабдор, ташкилоту шаҳрвандон риоя ва иҷро карда мешаванд.
|
Thursday, 07 November 2024 09:02 |
There are no translations available.
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТИ ДЕМОКРАТИЮ ҲУҚУҚБУНЁД
5-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд” дар толори васеи бинои тозаифтитоҳи донишгоҳ баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, меҳмонон ва олимони ба ин конференсияи илмӣ-назариявӣ даъватшуда, аз ҷумла Раҳимзода Маҳмад – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
|
Wednesday, 30 October 2024 04:10 |
There are no translations available.
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИПЛОМ ҚАДРДОНӢ ШУД
Аз 22-юм то 24-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар он ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон, Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон, Узбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод намуданд. Имсол беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро аз адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуд. Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватаниву хориҷӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.
Дар намоишгоҳ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маҳсули таълифоти олимону пажуҳишгарони ин боргоҳи илму маърифат ба маърази намоиш гузошта шуд ва донишгоҳ барои ширкати фаъол дар ин чорабинии муҳташам бо диплом сарфроз гардонида шуд. |
Tuesday, 29 October 2024 06:28 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
Айнӣ
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба
|
|