• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз12
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ҳафта6040
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7007
mod_vvisit_counterМоҳ6909
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта27631
mod_vvisit_counterҲамагӣ819821

Online 7
IP шумо: 216.73.216.62
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-11-08 00:26
Friday, 27 November 2020 17:18
There are no translations available.

 

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИМЛОИ ЗАБОНИ АДАБИИ МУОСИРИ ТОҶИК

157.JPG - 226.87 KbРӯзи 27-уми ноябри соли 2020 семинари илмӣ-назариявӣ дар якҷоягӣ бо маҳфили “Забоншиноси ҷавон”-и кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 75 солагии зодрӯзи шарқшиноси рус, доктори илмҳои филологӣ, профессор И.М.Стаблин Коменский таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами имлои забони адабии муосири тоҷик” бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

 
Thursday, 26 November 2020 12:16
There are no translations available.

 

МАҲФИЛИ «ФАЙЛАСУФОНИ ҶАВОН» ДАР КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ФАЛСАФА

150.JPG - 181.54 KbРӯзи 26-уми ноябри соли 2020 тибқи нақшачорабиниҳо дар кафедраи фалсафаи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили «Файласуфони ҷавон» баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки маҳфили «Файласуфони ҷавон» моҳе ду маротиба рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад. Маҳфилро мудири кафедра н.и.ф., дотсент Бердиев Шоҳназар.оғоз намуда, дар идома, донишҷӯён Ниёзов Дилшод ва Усмонова Шоҳона дар мавзӯи «Хусусиятҳои фалсафаи асрҳои миёнаи Аврупо ва Шарқи Исломӣ» ва Ғайратзода Шаҳло дар мавзӯи «Хусусиятҳои Фалсафаи давраи Эҳё» маърӯза намуданд.

 
Wednesday, 25 November 2020 10:48
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЛИМПИАДА ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА

145.JPG - 158.31 KbСанаи 25.11.2020 дар синфхонаи №18-и факултети математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври дуюми олимпиадаи дохилидонишгоҳии донишҷӯён аз фанни математика баргузор гардид. Ҳайати комиссия декани факултет н.и.п. Неъматов Ғ., мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон буданд.

 
Wednesday, 25 November 2020 10:35
There are no translations available.

 

СӮҲБАТИ НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН,  БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

143.JPG - 117.53 KbРӯзи 25 - уми ноябри соли 2020 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳо бо мақсади ҷамъоварии фикру андешаҳои донишҷӯён дар бораи ИМД ва муайян кардани баъзе аз масъалаҳои марбут ба имтиҳонҳо дар байни донишҷӯёни курси якум сӯҳбат гузаронида шуд.

 
Wednesday, 25 November 2020 06:29
There are no translations available.

 

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ДУШМАНАТ БОДО ПАРЕШОН, ТОҶИКИСТОН!

138.JPG - 221.60 KbРӯзи 23-юми ноябри соли равон дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, душманат бодо парешон, Тоҷикистон!” баргузор гардид. Нахуст чорабинии мазкурро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ҳусни оҳоз бахшид. Сипас, Маъди Абдураҳмонов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар мавзӯи “Парчами давлати рамзи Истиқлолияти миллӣ” маърӯза намуд.

 
Tuesday, 24 November 2020 11:17
There are no translations available.

 

ПАРЧАМАТ БОДО, ПАРАФШОН

133.JPG - 149.23 KbРӯзи 24-уми ноябри соли 2020 дар кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маорифи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабини илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо, парафшон ” баргузор гардид. Чорабиниро мудири кафедра н.и.и Аюбов Диловар оғоз бахшид.

 
Tuesday, 24 November 2020 11:13
There are no translations available.

 

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ САРЧАШМАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

129.JPG - 156.06 KbСанаи 24.11.2020 бо ташаббуси раиси ҷавонон, иттифоқи касаба ва раиси шӯрои духтарони донишҷӯёни факултети технология ва соҳибкорӣ семинари илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи "Парчами давлатӣ сарчашмаи Истиқлолият" баргузор гардид, ки дар он декани факултети мазкур н.и.т., дотсент Сияҳаков Сафаралӣ ва ассистенти кафедраи методикаи таълими фанҳои тахассусӣ Оев Шамсиддин пиромуни ин мавзӯъ маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

 


Page 204 of 375
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks