• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз12
mod_vvisit_counterДирӯз905
mod_vvisit_counterДар ҳафта6063
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта6143
mod_vvisit_counterМоҳ8715
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта24350
mod_vvisit_counterҲамагӣ674038

Online 16
IP шумо: 3.145.165.235
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-05-10 00:11
There are no translations available.

 

 

МАҚОМИ ДОНИШГОҲ ДАР РАДИФИ БЕҲТАРИНҲО

z 2.jpg - 51.40 KbБоиси хушнудист, ки имрӯз ҷалби ҷавонон ба илмандӯзӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки  пайваста дар ин замина  шароитҳои мусоид барои олмомӯзиву донишандӯзӣ фаро оварда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати дарёфти ҷавонони донишманду болаёқат,  ҳамасола дар саросари

 
There are no translations available.

 

 

ЗЕБОӢ, ТАВОНОӢ ВА ДОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ!

z 1.jpg - 105.70 KbТибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ – фароғатии Садриддин Айнӣ» - и шаҳри Душанбе  4- уми майи с. 2019 машқи пагоҳирӯзӣ зери унвони «Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст» бо иштироки устодони варзиши тоҷик баргузор гардид.  Дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар донишҷӯён аз факултетҳо ва хобгоҳҳо иштирок доштанд.

 
There are no translations available.

 

 

Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ

surat 100.jpg - 73.22 KbСадорати факултети филологияи тоҷик бахшида ба солгарди шоири шаҳир Мирзо Турсунзода санаи 02.05.2019 дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони «Мирзо Турсунзода вассофи сулҳ»-ро  доир намуд. Дар ин чорабини ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. иштирок намуда, перомуни рӯзгор ва осори шоир сухан ронда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва пос доштани арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд. Ҳамчунин дотсенти кафедраи назария ва таърихи адабиёт  Қурбонов Маҷид баромад намуда,

 
Thursday, 02 May 2019 12:03
There are no translations available.

Ҳадафи ба мавзӯи босмачигарӣ рӯ овардани донишмандони андешавар барои бозшиносии таърихи воқеиву на чандон дури сарзамини тоҷикон ва дар ин замина, шинохти некхоҳону бадхоҳони саргузашти раҳоии тоҷикон аз вопасмониҳои асримиёнагӣ мебошад.

 
Thursday, 02 May 2019 11:53
There are no translations available.

То имрӯз оид ба таърихи Наврӯз баҳсу мунозираҳои илмӣ давом доранд. Ҳар муҳаққиқе, ки доир ба таърихи пайдоиши он тадқиқоти илмӣ бурдааст, бештар ба маъхазҳои хаттӣ такя намуда, шурӯи ҷашнгирии Наврӯзро ба давраи ҳахоманишиҳо мансуб медонад.

 
There are no translations available.

 

84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон бо дастури бевоситаи Пешвои миллат

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд

30.04.2019 23:55, шаҳри Душанбе

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии ҷиддии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт қарор дорад.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки дар маҳбасҳо, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 нафар зан ва 95 нафар тифл аз шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд ва дар миёни онҳо тифлони хурдсоле низ ҳастанд, ки дар ин кишвари арабӣ таваллуд шудаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ироқу Тоҷикистон, ташкилоти ЮНИСЕФ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ рӯзи 30 апрели соли равон 84 нафар кӯдакон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои пайваста ҷиҳати ба Ватан баргардонидани кӯдакони тоҷик ба Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ ва намояндагии ЮНИСЕФ дар Ироқ изҳори сипос менамояд.

http://www.president.tj/node/20044

 
There are no translations available.

 

 

Мулоқоти судманди муовини раиси шаҳри Душанбе дар донишгоҳ

surat 49.jpg - 6.01 Mb

30-юми апрели соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ҷиҳати коҳиш додани омилҳои номатлуб, аз қабили зуроварию хушунат, пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, баланд бардоштани одоби шаҳрнишинӣ,

 


Page 236 of 349
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks