|
Friday, 30 October 2020 07:35 |
|
There are no translations available.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
30.10.2020 12:04, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.
Ҳамчунин, бо эҳтироми бениҳоят бузург изҳор медорам, ки ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рӯзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандӯсту бонангу номус рӯҳу нерӯи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам.
Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд.
|
|
Friday, 30 October 2020 06:16 |
|
There are no translations available.
ТАМОШОИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНӢ
ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Субҳи имрӯз, аз соати 9:00 маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашта, мустақиман тавассути ҳама шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш гашта истодааст.
|
|
Thursday, 29 October 2020 17:02 |
|
There are no translations available.
САЙРИ МАЪНӢ
29 -уми октиябри соли 2020 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти то мактабӣ ва ибтидоӣ, зери роҳбарии мудири кафедраи назария ва методикаи тарбияи мусиқӣ–бадеӣ, дотсент Темур Ҳафизов бахшида ба муносибати таҷлили ҷашни 700-солагии шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ, дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии адабӣ–фарҳангӣ таҳти унвони “Сайри маънӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ Усмонзода, муовинони ректор, устодону кормандони донишгоҳ, инчунин ҳунармандони шинохтаи кишвар, овозхони маъруф Файзалӣ Ҳасан, н.и.т, дотсент, фарҳангшинос ва сармуҳаррири барномаҳои радиои "Фарҳанг" Ҷонибеки Асрориён,
|
|
Thursday, 29 October 2020 05:51 |
|
There are no translations available.
МАҲФИЛИ "КИШВАРШИНОС"
28-уми октябри соли 2020 бо ташаббуси кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни факултет ва меҳмонон аз Корея Ҷонг Ҳоил ва Ли Ҷонг Сук маҳфили "КИШВАРШИНОС" баргузор гардид.
Сараввал, омӯзгори кафедраи мазкур Шодмонова Дилхоҳ маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин маҳфилро барои афзун намудани маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён хуб арзёбӣ кард.
|
|
Wednesday, 28 October 2020 03:06 |
|
There are no translations available.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
27.10.2020 19:04, шаҳри Душанбе
27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 ва Дар бораи Барномаи қарзгирии давлатии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 баррасӣ карда шуд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.
|
|
Sunday, 25 October 2020 04:32 |
|
There are no translations available.
ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
ИДОМА ДОРАД

Имрӯз, якшанбе, санаи 25.10.2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумидонишгоҳӣ ҳамчун идомаи рӯзи гузашта (24.10.2020) ҷиҳати тозакориҳо дар саҳни донишгоҳ ва атрофи он бо иштироки устодону кормандон барои иҷрои нақшачорабиниҳои доимамалкунанда бо мақсади “Тоза нигоҳ доштани муҳити атроф” баргузор гардид.
|
|
Saturday, 24 October 2020 04:42 |
|
There are no translations available.
ДАР ОБОДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР САҲМГУЗОРЕМ
Субҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Аз рафти шанбегӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Самӣ Шариф Ҳамид дидан намуда, зимни суҳбат бо ректори донишгоҳ Ғаффорӣ Н.У. қайд дошт, ки ҳар як шахсе, ки дар пойтахти кишвар истиқомат мекунад, дар гулгулшукуфоии он низ саҳмгузор бошад. Бояд ба хотири зебову озода нигаҳ доштани Душанбешаҳр, ки макони баргузории чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аст, ҳамеша саъю талош варзем.
|
|