• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз939
mod_vvisit_counterДирӯз952
mod_vvisit_counterДар ҳафта2891
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта7088
mod_vvisit_counterМоҳ24384
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта24069
mod_vvisit_counterҲамагӣ809665

Online 10
IP шумо: 216.73.216.217
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-10-28 19:12
Thursday, 05 September 2019 04:34
There are no translations available.

 

 

Намоиши нуҳуми «Китоби Душанбе»

zam 106.jpg - 14.77 KbҲунари китобхонӣ яке аз муҳимтарин маҳоратҳои асосии дунёи имрӯз ба шумор меравад ва мутолиа барои доштан иртибот бо ҷомеаи имрӯз амри зарурӣ гаридидааст. Зеро ба андешаи бархе коршиносон хондан ва мутолиаи китоб  кӯмак мекунад то афрод тахайюли фаъолтаре дошта бошанд ва ин тахайюл омили  пешрафти шахс  дар ҷомеа мешавад. Китоб хондан ҳофиза ва тамаркузро беҳбуд мебахшад ва ҳамчунин боиси коҳиши стрес мешавад.

 
Sunday, 01 September 2019 07:52
There are no translations available.

 

 

Ташрифи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

zam 102.jpg - 64.89 KbСанаи 1-уми сентябри соли равон муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ ба донишгоҳ ташриф оварда, дар толори шӯрои олимон бо устодони донишгоҳ вохурии судманд анҷом доданд. Нахуст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Латофат Назирӣ тамоми устодони донишгоҳро аз номи худ ва аз номи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарорасии соли нави таҳсил ва Дарси сулҳ табрик намуда,

 
Sunday, 01 September 2019 05:18
There are no translations available.

 

ЗИ ДОНИШМАНДӢ МОРО САРФАРОЗИСТ…

Паёми табрикии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ба муносибати оғози соли нави таҳсил

Дӯстони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!

zam 91.jpg - 2.05 MbФарорасии соли нави таҳсилро бароятон самимона табрик мегӯям. Бигзор  сафо ва файзи соли нави таҳсил, ки ҳамагон чун Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ медонанд, дар  донишгоҳ ва саросари кишвари  тозаистиқлоли мо ҳамеша пойдору абадӣ бошад.

Қайд кардан ба маврид аст,  ки маънои калимаҳои  «донишгоҳ», «дониш» ва «сулҳ» бо ҳам иртиботи маъноии қавии  ногусастанӣ доранд.

 
Friday, 30 August 2019 09:50
There are no translations available.

 

 

ДАСТОВАРДИ ДОНИШГОҲИ МО

zam 90.jpg - 179.74 Kb29 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супоридаанд.

 
Friday, 12 July 2019 10:08
There are no translations available.

 

 

ДДОТ: КӮШИШҲО БАРОИ ҶОЙИ АВВАЛ

zam89.jpg - 99.60 Kb

11 июли соли 2019 нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Дар ин нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳи мазкур натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равонро пешкаши рӯзноманигорон намуд. Мавсуф зикр намуд, ки: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

 
Wednesday, 26 June 2019 08:53
There are no translations available.

 

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ваҳдат калимаи арабӣ буда, маънои ягонагӣ, воҳидро дорад. Бузургии Худо, Модар, Падар, Замин, Ватан, Офтоб ва дигарҳо дар он аст, ки онҳо ягона мебошанд. Набудани яке аз инҳо маънои набудани ҳаётро дорад. Мазмуни аслии ваҳдат низ ҳамин аст. Мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мешавем пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали накӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом, рафоқат, ҳамбастагӣ, эҳтироми ҳамдигар ва арзиши олӣ доштани инсон иборат аст. Ҳамрадифи калимаи «ваҳдат» «сулҳ» аст. Сулҳу ваҳдат инкоркунандаи ҷангу низоъ ва нооромию душманист. Ваҳдат дар ҷомеа бисёре аз хислатҳои манфии инсонӣ кинаю адоват, бадбинӣ душманӣ, бадхоҳӣ, ҷангу низоъ, нобаробариҳои иҷтимоӣ ва қашоқию дилшикастагиро аз байн мебарад. Инсонҳо хушбахту хушрӯз мегарданд. Ояндаи ҷомеа ва ҳаёти давлатдорию давлатсозӣ, ки дар дасти мо ҷавонон аст инро мо бояд хуб дарк кунем.

 
Wednesday, 26 June 2019 03:34
There are no translations available.

 

«27 июн – Рӯзи ваҳдати миллӣ»

Муҳаррики ҳаёти хушбахтона

zam 63.jpg - 56.68 KbХушо, ки ҳар нафас рӯзгори саодатманди мо бо шукргузориҳо аз истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва таъмини якпарчагии Тоҷикистони маҳбуб ва ваҳдати миллӣ сипарӣ мешавад. Дастовардҳои имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии имрӯзаи моро бе неъматҳои бебаҳо – истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ наметавон тасаввур кард. Маҳз хамин ду мафҳуми бузург муқаддас, ки бо душвориҳо азму талоши комил насибамон гаштаанд, ба сарҷамъии миллат оварда расонид ва ин сарҷамъӣ, барҳақ, сабақи беназири худшиносию ватанхоҳӣ барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон буда, бори дигар обрӯю нуфузи тоҷикро дар саҳифаҳои таърих баланд бардошт. Аз ин рӯ, мо – ҳар фарди кишварро зарур аст, ки бо ифтихори бепоён сулҳу ваҳдати бадастовардаамонро чун гавҳараки чашм қадрдонӣ ва ҳифз намоем.

 


Page 252 of 371
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks