Thursday, 07 December 2017 11:59 |
There are no translations available.
МУРОҶИАТНОМАИ ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОДГОҲИ ОЛӢ ВА МАРДУМИ ДӮСТУ БАРОДАРИ ЮНОН.
Мо ҷавонони дурандеш ва зираку сулҳхоҳи Тоҷикистон хатари терроризму экстремизмро дар ҷаҳони муосир бо тамоми ҳастиямон дарк намуда, хоҳони решакан кардани ин вабои ваҳшоният дар асри 21 мебошем. Мо хоҳони амнияти сартосарӣ дар тамоми дунё ва волоияти ҳуқуқу озодиҳои мардуми осоиштаю бегуноҳ ҳастем. Мо терроризм ва экстремизмро дар ҳама шаклҳо ва сатҳҳояш маҳкум менамоем ва дар роҳи мубориза
|
Thursday, 07 December 2017 11:02 |
There are no translations available.
Раҳоии ҷинояткорро маҳкум менамоем!
Ба ҳамагон маълум аст, ки Додгоҳи Олии Тоҷикистон бо дархости Додситони кул Ҳизби наҳзати исломӣ, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар кишварҳои пасошӯравиро экстремистӣ-террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнуъ эълон намуд. Гарчанде таъйиноти асосии таъсисёбии ҲНИТ аз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати
|
Thursday, 07 December 2017 07:56 |
There are no translations available.
Бо бадхоҳони миллат чӣ бояд кард?
Солҳои охир баъзе кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Лаҳистон маҳалли мухолифини нохалафи тоҷик шудаанд. Дар миёни онҳо аъзои собиқ ҲНИТ, Гурӯҳи 24 ва дигар афроди сиёсӣ ҳастанд, ки баъди баста шудани ин созмонҳо дар Тоҷикистон ба хотири дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ ба хориҷа рафтанд. Ин гурӯҳҳо дар гузашта дар Туркия, Олмон ва Лаҳистон борҳо намоишҳои эътирозӣ ташкил карда, аз ҳукумати Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсон ва озодии маҳбусони сиёсиро талаб карданд.
|
Thursday, 07 December 2017 07:55 |
There are no translations available.
Ҷавонон ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ
Ваҳдат калимаи арабӣ буда, маънои ягонагӣ, воҳидро дорад. Бузургии Худо, Модар, Падар, Замин, Ватан, Офтоб ва дигарҳо дар он аст, ки онҳо ягона мебошанд. Набудани яке аз инҳо маънои набудани ҳаётро дорад. Мазмуни аслии ваҳдат низ ҳамин аст. Мо инсонҳо бояд ягона бошем – яъне муттаҳиду ҳамбаста чун як тан. Вақте муттаҳид мешавем пуриқтидору бузург ва ба ҳама амали накӯю шоиста дастёб мегардем. Ваҳдат ё ягонагӣ аз рукнҳои дӯстӣ, тартибу низом,
|
Thursday, 07 December 2017 07:54 |
There are no translations available.
Ифтихор аз Пешво дорем мо
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои асосии рушду инкишоф ва мустаҳкамии миллату давлатро аз омӯзиш дониста, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд. Ҷаноби Олӣ фарҳангро асоси ҳастии миллат ва давлат унвон карда, бақои миллатро вобаста аз пойбарҷо будани фарҳангу маънавиёт ва забон медонанд.
|
Thursday, 07 December 2017 07:52 |
There are no translations available.
Ҷонибдори сиёсати Пешвои миллатем
Солҳои 1989-1990 бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоъҳои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуданд. Ин фоҷиаи гарон то соли 1997 давом кард, ки дар натиҷа ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум монда, садҳо тан ҷавонони баркамол «ҳезум» бар оташи пуралангаи ҷанг гардида, даҳҳо кӯдакони дигар дар кӯчаву хиёбонҳо қурбони гуруснагии давр шуданд.
|
Thursday, 07 December 2017 07:51 |
There are no translations available.
Ватан аз амният бошад шукуфо
Ваҳдат ободии Ватан, бебаҳотарин неъмати рӯзгори мост ва шукрона мекунем, ки он ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон , фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.
Инчунин, Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафии сулҳофарӣ, фарҳангпарварию таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
|
|
|
|
Page 261 of 317 |