Saturday, 29 September 2018 10:49 |
There are no translations available.

ТРЕНИНГИ ОМӮЗИШИИ СОҲИБКОРОНИ ҶАВОН
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз санаи 27-ум то 29-уми сентябри соли 2018 тренинги омӯзиширо барои ҷавонон дар мавзӯи «Омӯзиши фаъолияти соҳибкорӣ: Қадам ба қадам» миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои омӯзгорӣ, техникӣ ва технологии пойтахт, донишкадаи забонҳо ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бинои асосии донишгоҳ баргузор намуд. Пас аз анҷоми тренинги омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификат тақдим карда шуд.
|
Friday, 28 September 2018 15:37 |
There are no translations available.

ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Санаи 28-уми сентябри соли равон дар факултети филологияи тоҷик маҳфили адабӣ бахшида ба рӯзи шоир ва орифи бузурги форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки васеи донишҷӯёну омӯзгорон таҳти унвони “Мавлоно – шоир ва орифи бузург” доир гардид.
|
Friday, 28 September 2018 04:11 |
There are no translations available.

ТАРБИЯИ НАСЛИ ФАЪОЛУ ЭҶОДКОР
Мусаллам аст, ки маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши муассир ва тақдирсоз дорад. Ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу адабиёт, пеш аз ҳама, бар асоси мактабу маориф инкишоф меёбанд. Аз ин рӯ, маориф муҳимтарин воситаи тараққиёти ҷомеа ва рушди маърифату ташаккули инсон аст. Дар заминаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ояндаи давлат ба таваҷҷуҳ ва иродаи сиёсии он ба маориф пайвандии ногусастанӣ дорад.
|
Saturday, 22 September 2018 10:59 |
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Санаи 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ ба муносибати ёдбуди сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва таҷлил аз Рӯзи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳусни сухани Рӯдакӣ” доир гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Раёсати донишгоҳ ва устодону омӯзгорони факултети филологияи тоҷик ширкат варзиданд.
|
Saturday, 22 September 2018 09:01 |
There are no translations available.

Чорабинӣ бахшида ба бузургдошти устод Рӯдакӣ
Бахшида ба бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ дар таърихи 22-юми сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Рӯдакӣ – асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс” баргузор гардид.
|
Saturday, 22 September 2018 05:46 |
There are no translations available.
ДАСТХАТҲО МЕРОСИ ПУРҚИМАТАНД

Аз 17-ум то 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо Институти омӯзиши Осиёи Марказӣ (Фаронса) ҷамъомади навбатии Мактаби тобистонаи дастхатшиноси ҷавон баргузор гардид. Дар мактаб устодони шинохта ва дастхатшиносони маъруф аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фаронса, Русия ва Қазоқистон ширкат доштанд. Тӯли чор рӯз 35 нафар олимони ҷавон, докторантҳо, магистрҳо, донишҷӯёни курсҳои болоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДМТ доир ба мероси хаттии Осиёи Марказӣ, роҳ ва усулҳои омӯзиши дастхатҳо дарс омӯхтанд ва бо намудҳои гуногуни дастхатҳо ошноӣ пайдо карданд.
|
|
|
|
Page 280 of 361 |