Tuesday, 07 April 2015 08:14 |
There are no translations available.
Шунидан кай бувад монанди дидан
Ҳар як муаллим методи дарсгузарии худро дорад ва ин ба донишу маҳорату малакаи омӯзгор вобаста аст. собиқадорони соҳаи маориф дар семинару машваратҳо ва тавассути маҷаллаҳои илмӣ, адабиву фарҳангӣ усули нави таълимро тарғибу ташвиқ менамоянд, ки дар он бештар талаба бояд фаъол бошад. Маҳмудзода Обидҷони Бекназар, омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик, дар таълими фанни адабиёти муосири тоҷик иқдоми наверо пеш гарифтааст. Мавсуф тасмим дорад, ки шоирону нависандагони муосирро, ки дар қайди ҳаётанд, ба дарс даъват карда, онҳоро бевосита
|
Tuesday, 07 April 2015 08:13 |
There are no translations available.
«Навои ҷовидон»-тарғибгари маърифати духтарон
Бо ташаббуси шуъбаи тарбия ва раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмуни маърифатӣ-фарҳангии «Навои ҷовидон» миёни ҷавондухтарони донишгоҳ баргузор гардид.
Баланд бардоштани завқи ҳунаромӯзӣ, тайёр намудани ҷавондухтарон барои бунёди оилаи солим, дастгирӣ ва дарёфти духтароне, ки ҳозирҷавобанду ҳунари сарояндагӣ доранд ва ташаккули инсондӯстиву меҳанпарастӣ дар қалби
|
Tuesday, 07 April 2015 08:11 |
There are no translations available.
Ятимон пайваста дастгирӣ меёбанд
Дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба 31 нафар ятими кулле, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз ҷониби Иттифоқи касабаи донишҷӯён ба миқдори 200 сомонигӣ кумакпулӣ тақдим карда шуд.
Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат барпо шуд, ректор Н.Салимӣ аз раванди таҳсили муҳассилин пурсон гардида, зикр кард, ки раёсат ҳамеша омодаи дастгирии ин зумра толибилмон мебошад. Мавсуф, ҳамзамон,
|
Tuesday, 07 April 2015 08:10 |
There are no translations available.
Вусъати ҳамкориҳои судманд
Ишангулӣ Аманлиев, сафири Туркманистон дар Тоҷикистон, ба донишгоҳ ташриф оварда, бо ректор, академик Н.Салимӣ мулоқот намуд. Ҳадаф аз вохӯрӣ вусъати ҳамкориҳои маърифатгоҳи мо бо соҳаи маориф ва илми Туркманистон арзёбӣ гардид. Зимни суҳбат сафир иброз дошт, ки тибқи нақша аз 11-ум то 16-уми майи соли равон ҳафтаи фарҳангии Туркманистон дар Тоҷикистон дар назар аст ва ширкати донишҷӯёни туркман дар ин чорабинӣ мувофиқи матлаб мебошад.
|
Friday, 27 March 2015 06:02 |
There are no translations available.
Маслиҳати оиладорӣ барои донишҷӯён
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, доир ба эълон гардидани соли 2015 «Соли оила» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази маслиҳати оиладорӣ барои донишҷўёни донишгоҳ таъсис дода шуд.
|
Wednesday, 18 March 2015 09:03 |
There are no translations available.
Муборак бод Наврӯзи ҷаҳонӣ!
Паёми табрикии ректори донишгоҳ, академик
Носирҷон Салимов ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Устодони муҳтарам!
Донишҷӯёни азиз!
Дар диёри мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, боз фасли баҳор, фасли эҳёи оламу одам ва бедории табиати фусункор ҳукмфармо гашт ва ҷашни бостониву беназири аҷдодиамон, ҷашне, ки ҳамакнун эътирофи ҷаҳонӣ дораду варо Наврӯз ном аст, фаро расид.
Наврӯзи куҳанбунёди моро аҳли таҳқиқ сароғози офариниш, ибтидои ҳаёт хондаанд. Воқеан ҳам, Наврӯзи бостонӣ дар саргаҳи таърихи мо-ориёинажодон қарор дорад ва ҳамчун суннати пурарзиши миллӣ, ҳамчун ифодагари фарҳангу тамаддуни волои мо эътироф гардидааст.
Наврӯз чун рамзи ҳамбастагии инсону табиат, рамзи эҳёи оламу одам, рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар залмот шинохта мешавад.
|
Wednesday, 18 March 2015 09:02 |
There are no translations available.
«Наврӯзнома»-и Президент
Наврӯз, ки табиатан гаравиш бо озодагиву ворастагӣ дорад, бо фарорасии даврони Истиқлолият дар Тоҷикистони азиз нафаси тоза дарёфту вусъати дигар пазируфт. Истиқлолияти диёри арҷманди мо, диёре, ки чун Ватани Наврӯз эътироф шудааст, барои ин ҷашни фархунда марҳилаи тозаеро оғоз бахшид, шуҳратфазои он гашт. Ва дар ин даврони шукуфоии халқи тоҷик низ, хушо, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар симои абармарди фарҳангпарвару хирадгустар Эмомалӣ Раҳмон посдори содиқу неруманди хешро дарёфт.
Президенти муҳтарами Тоҷикистон аз нахустқадамҳои мубораки хеш ба арсаи сиёсат баҳри арҷгузориву эҳтироми арзишҳои
|
|