Saturday, 07 June 2014 09:51 |
There are no translations available.
Коркарди дубораи партовҳо
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист бо ташаббуси Маркази дастгирии ҷавонони болаёқати ДДОТ ба номи С.Айнӣ дар саҳни донишгоҳ байни донишҷӯёни факултаҳо озмуни «Як рӯзи тозагӣ ва истифодаи дубораи партовҳо» доир гардид. Тавре дар оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Б.Самиев изҳор кард, ҳифзи мӯҳити зист аз ҳама ҷиҳат муҳим асту вазъи экологии моро, ки диёрамон кишвари хушбоду ҳавост, хуштар нигоҳ медорад.
|
Saturday, 07 June 2014 08:57 |
There are no translations available.
Дипломи “Россотрудничество” ба ректор
Владислав Курнушко, роҳбари Оҷонсии федеролии Русия “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, 6-уми июни соли равон ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ташриф оварда, бо ректор, академик А.Раҳмонов мулоқот намуд. Дар оғози вохӯрӣ, ки бо ҳузури васеи роҳбарони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид, А.Раҳмонов равобити мутақобилан судманди таълимгоҳро бо “Россотрудничество” ситоиш карда, изҳор дошт, ки ин ташкилот барои омӯзиши густурдаи забони русӣ дар донишгоҳ иқдомоти наҷибу манфиатборро амалӣ намудааст. Ректор аз фаъолияти Маркази русӣ ва ифтитоҳи Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, ёдовар шуда, онҳоро намунаи барҷастаи натиҷаи ҳамкориҳо унвон кард. Дар такя бар қавли А.Раҳмонов, айни замон марказҳои мазкур бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз буда, барои густариши забони
|
Thursday, 05 June 2014 16:04 |
There are no translations available.
Роҳхати бештар ба Хатлон
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конференсияи умумиҷумҳуриявӣ «Оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли хониши 2014-215» доир шуд. Баробари иштироки бевоситаи ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов дар конфронс муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон З.Назруллоев, мудирони маорифу намояндагонашон
|
Saturday, 31 May 2014 11:07 |
There are no translations available.
Низоми кредитӣ ва мушкилоти он
Дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмиву амалӣ дар мавзӯи «Низоми кредетии таҳсилот, проблема, таҷриба ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, ки гузоришоту маърӯзаҳои устодони донишгоҳу намояндагони дигар макотиби олии кишварро фарогир шуд. Тавре дар оғоз ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов изҳори назар кард, ин низом, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷорӣ шудааст, аз устод дониши саҳеҳу
|
Saturday, 31 May 2014 11:04 |
There are no translations available.
70 соли устоди таҷрибадор
Дар конференсияи ҷумҳуриявии «Экология ва масъалаҳои таълиму тарбия», ки ба 70-солагии номзади илмҳои биология, дотсент Шарифов Иноят Негматович бахшида шуда, 26-уми май дар донишгоҳ доир гардид, олимону донишмандон аз кулли макотиби олии кишвар, дӯстону ҳамкорон ва наздикони устод гирд омада, қатори сухани табрикотии ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов соҳибҷашнро шодбошӣ намуданд
|
Saturday, 31 May 2014 10:20 |
There are no translations available.
Маҳфил номи Лоиқро гирифт
Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик 23-юми май дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба солгарди шоири тавоно, шодравон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ бо номи «Дасти дуои модар» доир шуд. Маҳфилро ректор, академик А.Раҳмонов оғоз намуда, аз манзалати шеъри Лоиқ дар ҷомеаву миёни кишварҳои ҳамзабон, сабку услуби ғании ӯ ва ҷойгоҳаш дар адабиёти муосири мо сухан гуфт.
|
Saturday, 31 May 2014 10:16 |
There are no translations available.
Рақобати донишҷӯён дар маҳфил-озмуни “Базми ғазал”
27-уми майи соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон ва “Созандагони Ватан” бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳо маҳфил-озмуни “Базми ғазал” гузаронида шуд.
|
|
|
|
Page 316 of 317 |