• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз366
mod_vvisit_counterДирӯз0
mod_vvisit_counterДар ҳафта435
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5894
mod_vvisit_counterМоҳ8332
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта31543
mod_vvisit_counterҲамагӣ991745

Online 20
IP шумо: 216.73.216.128
MOZILLA 5.0,
Now is: 2026-05-12 09:43
Tuesday, 02 December 2025 12:55
There are no translations available.

ҚАДАМИ НАВ БА СӮИ МУҲИТИ ТАЪЛИМИИ МУОСИР

Толори маҷлисгоҳи факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо курсиҳои нишаст, мизи маҷлисгоҳ ва минбари нав таҷҳизонида шуд. Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ истеҳсол ва ба истифода пешниҳод гардида, имконият медиҳад, ки чорабиниҳо, машғулиятҳои илмӣ ва вохӯриҳо дар шароити беҳтару муосир баргузор шаванд.
Тадбири мазкур, ки бо ташаббуси ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода амалӣ гардидааст, ҳамчун идомаи ҳиссаи маънавӣ ва ободкоронаи роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити муосиру замонавӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон ба ҳисоб меравад.
 
Tuesday, 02 December 2025 10:10
There are no translations available.

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҶОЙИ АВВАЛРО ИШҒОЛ КАРД
Донишҷӯи курси якуми ихтисоси таърих, Ғайратов Маҳмаднабӣ, дар чемпионати ҷумҳуриявии Тоҷикистон оид ба муай-тай миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар вазни 75 кг маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид.
Ин дастоварди назаррас мавриди тасдиқи қобилият, меҳнатдӯстӣ ва сатҳи варзишии донишҷӯ мебошад.
Декани факултет, н.и.п., профессор Каримзода М.Б., Ғайратов Маҳмаднабиро ба ин комёбии арзанда табрик гуфта, қайд карданд, ки пешравӣ ва муваффақияти ҳар як донишҷӯ — ифтихору дастоварди тамоми факултет ва Донишгоҳ мебошад.
Роҳбарияти Донишгоҳ ба донишҷӯи фаъол барои дастоварди ифтихорофараш бурдбориҳои навбатӣ дар роҳи илму варзиш орзу мекунад.

 
Monday, 01 December 2025 16:42
There are no translations available.

КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОИРАИ АМАЛИЁТИ 16-РӮЗИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ХУШУНАТ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲАЁТ БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ”
Нимаи дуюми рӯзи 1-уми декабри соли ҷорӣ бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои саривақтии банди 8-и «нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2025-2027 оид ба амалисозии «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар
 
Monday, 01 December 2025 15:58

SUMMARY OF THE ACTIVITIES OF THE SCIENTIFIC–METHODOLOGICAL COUNCIL

The regular meeting of the University’s Scientific-Methodological Council, held today under the leadership of the Vice-Rector for Research, Doctor of Chemical Sciences, Professor Rajabzoda S.I., was mainly devoted to summarizing the annual activities of the Council for the year 2025.
 
Monday, 01 December 2025 15:55
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
Рӯзи 01.12.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии муовини аввал, муовин оид ба корҳои таълимӣ Айнулозода Наҳтуло бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
Saturday, 29 November 2025 18:18
There are no translations available.

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ: “БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ ЭКОЛОГӢ ВА СОЛИМ НИГОҲДОРИИ ТАБИАТИ НОДИРИ КИШВАР”
Рӯзи 29-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи геоэкологияи факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Беҳдошти вазъи экологӣ ва солим нигоҳдории табиати нодири кишвар” баргузор шуд. Чорабинӣ
 
Saturday, 29 November 2025 17:49
There are no translations available.

ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА БО ДОНИШГОҲИ ЗАБОНҲОИ ӮЗБЕКИСТОН ТАВСЕА МЕЁБАНД
Дар доираи сафари кории муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, доктори илмҳои хими, профессор Раҷабзода Сироҷиддин ба Донишгоҳи забонҳои Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд.
 


Page 34 of 417
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks