Monday, 13 November 2023 06:29 |
There are no translations available.
ВИКТОРИНАИ ҲОЗИРҶАВОБОН МИЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШҶӮЁН
Шоми 8-юми ноябри соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи нақша-чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон чорабинии иттилоотӣ–фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ дар миёни дастаҳои хобгоҳҳои донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавбон" баргузор гардид.
|
Monday, 13 November 2023 03:18 |
There are no translations available.
ИҶЛОСИЯИ XVI - УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ПАДИДАИ НАҶОТБАХШ ВА САРНАВИШТСОЗ Халқи тоҷик дар раванди таърихи ниҳоят тӯлонии хеш ба бисъёр фоҷиаҳои қисматшикану падидаҳои тақдирсоз рӯ ба рӯ гашта, заҳри бедавлатию шаҳди соҳибдавлатиро чашидааст. Вале дар ҳама ҳолат тавонистааст, ки рисолати тамаддунофари худро нигоҳ доштаву сайқал диҳад. Донистани таърих ва роҳҳои тайкардаи ниёгон барои ҳар як фарди тоҷик зарур ва мояи ифтихор мебошад.
Сарнавишти миллати тоҷик дар давоми асрҳо чун дигар қавмҳои ориёинажод бисёр ҳам печ дар печу пуршебу фароз будааст. Тоҷик дар
|
Friday, 10 November 2023 04:06 |
There are no translations available.
ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМА БА ШАҲРВАНДОНИ ПОКИСТОН
Имрӯз пеш аз оғози ҷаласаи навбатии Шурои олимон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки курси 2 солаи омӯзиши забони тоҷикиро бомуваффақият хатм намуданд, шаҳодатномаи курси мазкурро тақдим намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба курси омӯзиши забони тоҷикӣ шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Ҳиндустон таваҷҷуҳи бештар дошта, айни замон шунавандагон аз кишварҳои зикршуда ба таҳсил фарогир мебошанд.
|
Friday, 10 November 2023 04:03 |
There are no translations available.
ОМӮЗГОРОН МАШҒУЛИЯТҲОРО БО ҲИССИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ ИҶРО МЕНАМОЯНД
Шоми имрӯз, 9-уми ноябри соли ҷорӣ чун ҳамешагӣ дар толори варзишии донишгоҳ тамринҳои машғулиятҳои дарси ҳарбӣ бо иштироки кормандони раёсати донишгоҳ, деканону мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорон ба машғулиятҳои тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бо ҳисси баланди ватандӯстиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси худшиносиву дарки рисолати ватандорӣ иҷро менамоянд.
|
Friday, 10 November 2023 03:58 |
There are no translations available.
РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ВАЗЪИ ТАЪЛИФИ КИТОБҲОИ ДАРСИРО ДАР ШУРОИ ОЛИМОН БАРРАСӢ НАМУД
9-уми ноябри соли 2023 таҳти роҳбарии раиси Шурои олимон А. Ибодуллозода ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардида, як қатор масъалаҳои асосӣ, ташкилӣ ва ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои дар рӯзномаи Шуро дарҷгардида, ки фарогири масъалаҳои муҳимми раванди таълиму тарбият ва илмиву методӣ буданд, аз ҷониби масъулин гузоришҳои мушаххас ироа гардид.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ вазъи таълифи китобҳои таълимӣ аз баъзе фанҳои тахассусиро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
Wednesday, 08 November 2023 03:04 |
There are no translations available.
ЯК РӮЗИ ШАНБЕГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ҲАМА БА ПАХТАЧИНӢ" ДАР САҲРО
5-уми ноябри соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 29-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён шанбегӣ таҳти унвони "Ҳама ба пахтачинӣ" баргузор намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки таҳти ҳамин шиор баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди ҷамъоварии ҳосили пахта ва дар саҳро намондани он кормандону омӯзгорон ба пахтачинӣ баромада, дар ҷамъоварии тиллои сафед саҳми худро гузоштанд.
|
Monday, 06 November 2023 10:00 |
There are no translations available.
ХУСУСИЯТҲОИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ФАРДӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз Тоҷикистон дар шароити истиқлолияти давлатӣ барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқаддасоти давлатдорӣ аз диди тоза назар андохта, беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муайян карданист, ки метавонанд манфиатҳои имрӯзу фардои миллату давлатро дилпурона дифоъ намоянд.
Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ,
|
|
|
|
Page 36 of 317 |