Friday, 16 February 2024 04:04 |
There are no translations available.
ВОХӮРӢ БО КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ СОЗМОНИ ШАБАКАИ ДОНИШГОҲҲОИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ
 Имрӯз 15.02.2024 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Сунгдон Хван котиби генералии созмони Шабакаи донишгоҳҳои Роҳи бузурги абрешим (марказаш дар Корея) вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, Сунгдон Хван маълумоти мухтасар оид ба фаъолият ва дастовардҳои созмони мазкур маълумот пешкаш намуда муҳимият ва афзалияти созмони мазкурро бо факту рақамҳо ба намоиш гузошт.
|
Thursday, 15 February 2024 11:11 |
There are no translations available.
РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ДАР ЗАМИНАИ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ШАҲРИСАБЗ
 15-уми феврали соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.
Дар заминаи созишномаи ҳамкории мазкур миёни факултетҳои илмҳои дақиқ математика ва физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз шартномаи ҳамкорӣ миёни факултетҳо ба имзо расонида шуд.
Воқеан, такя кардан ба неруи зеҳнӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир
|
Thursday, 15 February 2024 11:08 |
There are no translations available.
СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШКАДАИ ОМУЗГОРИИ ШАҲРИСАБЗ БАСТА ШУД
 15-уми феврали соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба таври маҷозӣ баста шуд. Ҳуҷҷати ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Шаҳрисабз Шоназаров Ҷамшед Шуҳратович дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
|
Thursday, 15 February 2024 05:00 |
There are no translations available.
НЕКСИРИШТ

На ба ҳар олими муваффақ муяссар мегардад, ки омӯзгори воломақом бошад ва на ба ҳар омӯзгори соҳибсухан имкон даст медиҳад, ки муҳаққиқи чирадаст гардад. Тамоми олимони закӣ ва омӯзгорони хушсалиқа дар орзуи чунин истеъдоду маҳорати тавъаманд. Хуш ба ҳоли олиме, ки дар баробари қалами хуб, соҳиби нутқи хуб аст ва ба шогирдону толибилмон илмашро бо ду роҳ: қалам ва сухан дода метавонад. Чунин олимони омӯзгори арастусифату буалимашраб ангуштшуморанд. Вале дар ҷомеа чунин ашхос ҳамчун машъалафрӯзи башар буданду ҳастанд ва хоҳанд буд. Дар ҷомеаи гузаштаю имрӯзаи мо низ чунин омӯзгорони олим будаанд, хусусан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон. Дар қатори олимони дақиқназар ва омӯзгорони суханвар метавон устоди зиндаёд, профессор Шокир Мухторро ном бурд. Ин донишманди закӣ ва омӯзгори камназир дар умри кӯтоҳи худ роҳи садсоларо тай карда, пастию баландиҳои зиндагиро бо муросою мадоро паси сар намуда, сафинаи ҳаёташро, ба қавли худаш, ба соҳили мурод расонидааст. Барои расидан ба мақоми баланди омӯзгорию олимӣ, ба мушкилиҳои табиию сунъии зиндагӣ тан надода, афтону хезон ба сӯи қуллаи мурод ва ҳадафҳои нозпарварди даврони кӯдакию наврасиаш қадам задааст. Ҳанӯз дар даврони наврасӣ, ки беҳтарин давраи бозию шӯхӣ, рушди ҷисмонию ақлонӣ ва шаклгирии хусусиятҳои
|
Thursday, 15 February 2024 04:50 |
There are no translations available.
ЛИТСЕЙИ ДДОТ: БАРНОМАҲОИ ТЕАТРӢ ВАТАНДӮСТИИ КӮДАКОНРО ЗИЁД МЕКУНАД
 Нимаи дуюми имрӯз барои хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи театрии таҳти унвони “Модар маро бубахш” аз ҷониби ҳайати кормандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар толори васейи донишгоҳ ба номоиш гузошта шуд.
Барномаи театриро тамоми хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тамошо намуда, аз саҳнаҳои тарбиявии ин намоишнома хело шод гардиданд.
|
Thursday, 15 February 2024 04:44 |
There are no translations available.
ПЕШГИРИИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА САФИ ГУРӮҲҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ТЕРРОРИСТӢ ВАЗИФАИ ҲАМАГОН АСТ!
 Дар асоси нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ рўзи 14.02.2024 дар толори асосии донишгоҳ бо ширкати кулли магистрантон, инчунин муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сардори Раёсати илм ва инноватсия Зайдуллозода Саида, мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ Кенҷаев Фаридун ва корманди раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, лейтенанти калон Табаров Шаҳриёр ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии
|
Tuesday, 13 February 2024 13:21 |
There are no translations available.
МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ МИЁНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ОҒОЗ ШУД
 Имрӯз, 13-уми феврали соли равон, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ мусобиқаи шоҳмотбозӣ миёни омӯзгорону кормандон оғоз гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дар мусобиқаи мазкур шоҳмотбозони факултетҳо ва раёсати донишгоҳ миёни ҳамдигар сабқат намуда, ғолибон бо мукофотҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Эзоҳ: Аз садорати факултетҳо ва воҳидҳои сохторӣ дархост карда мешавад, ки иштироки намояндагони худро дар мусобиқа, ки мутасаддии он
|
|
|
|
Page 54 of 344 |