Monday, 07 November 2022 05:50 |
There are no translations available.
ҚАБУЛИ РЕКТОР: ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДОНИШҶӮЁН ВАЗИФАИ МОСТ!
Имрӯз аз ҷониби ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода қабули шаҳрвандону донишҷӯён баргузор гардид.
Сарвари Донишгоҳ ҳамаи арзу шикояти муроҷиаткунандагонро шахсан шунида, дар доираи талаботи қонун ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Илова бар ин, ректори Донишгоҳ зимни қабули донишҷӯёну шаҳрвандон иброз дошт, ки барои ҳалли мушкилоти донишҷӯён мебояд онҳоро дастгирӣ ва ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намуд.
|
Monday, 07 November 2022 05:48 |
There are no translations available.
ОМӮЗГОРОНИ ЛУҒАТДОН НИЗ ҲАВАСМАНД КАРДА МЕШАВАНД
Баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии омӯзгорону кормандон аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба кӯшишу талоши онҳо мукофоти пулӣ дода шавад.
Омӯзгороне, ки аввалин шуда то рӯзҳои 18-19-уми ноябр 400 вожаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳодшударо бо иловаи 2 ғазали муқарраршуда азбар менамоянд, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
|
Friday, 04 November 2022 11:15 |
There are no translations available.
30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Душанбе дар робита бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 30- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конфронсҳои илмӣ-амалӣ таҳти унвони “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” омодаву тасдиқ гардидааст ва марбут ба ин дар таърихи 4 ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Дилошӯб Розиқзода, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Махкам Ҷума, муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Давлатшоҳ Маҳмудов, устоди кафедраи халқи тоҷики донишгоҳ, Ҳабибулло Сатторӣ, сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”, Давлатшо Каримов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ дар боби мавзӯи мадди назар суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи сарнавиштсози халқи тоҷик буда, ба арсаи сиёсат абармардеро овард, ки чархи тақдири ин миллати куҳанбунёдро тағйир дод.
|
Friday, 04 November 2022 05:20 |
There are no translations available.
БАРНОМАИ ИТТИЛООТӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "КОНСТИТУТСИЯ-ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТ"
Шоми 3-юми ноябри соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқҳои касабаи донишҷӯёни Донишгоҳ бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ миёни хобгоҳҳои донишҷӯён чорабинии иттилоотӣ – фарҳангӣ, таҳти унвони "Викторинаи ҳозирҷавобон" баргузор гардид. Чорабиниро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшо Каримов оғоз намуда, мақсад ва шартҳои баргузории чорабинии мазкурро ба ҳозирин шарҳ дод.
|
Friday, 04 November 2022 04:21 |
There are no translations available.
МУЛОҚОТ ДАР ДОИРАИ РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Муовини ректор оид ба робитањои байналмилалии ДДОТ ба номи Садридди Айнӣ Худойдодзода Фаррух, ки дар таърихи 3 – юми ноябри соли 2022 ба Донишгоњи давлатии лингвистии Минск ташриф оварда, бо ректори донишгоњи мазкур, хонум Лаптева Наталья Евгеньевна мулоқот баргузор намуд. Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҳарду донишгоҳ масъалаҳои марбут ба коромўзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои ҷонибҳои мутақобил, инчунин масъалаи табодули донишҷўёну омўзгорон ва амсоли инҳоро матраҳ намуданд.
|
Friday, 04 November 2022 04:15 |
There are no translations available.
ИМТИЁЗИ РЕКТОР БА ДОНИШҶӮЁНИ ЗАБОНДОН
Бо мақсади дастгирии донишҷӯёне, ки тариқи шартномавӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил менамоянд аз ҷониби ректори Донишгоҳ тасмим гирифта шуд, ки вобаста ба натиҷаи фаъолият ва кӯшишу талошашон дар таҳсил аз ҷониби раёсати муассисаи таълимӣ ба онҳо имтиёз дода шавад.
Бо пешниҳоди ректори Донишгоҳ донишҷӯёне, ки дар давоми рӯзҳои 4-юм то 15-уми ноябр 400 вожаи пешниҳодшудаи забонҳои русӣ ва англисиро ба иловаи 2 ғазал аз осори шоирони классику муосири тоҷик азбар менамоянд, аз пардохти 10-20%-и маблағи шартномаи таҳсил озод карда мешаванд.
Иқдоми мазкур ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосия 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти маҳбуби кишвар ва ҳамзамон ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ гирифта шудааст.
|
Thursday, 03 November 2022 10:06 |
There are no translations available.
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Бо чунин унвон дар таърихи 3-юми ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ бахшида ба 28-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкурро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо 28-умин солгарди қабули ин санади муҳим табрик намуд. Сипас, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва профессори кафедраи ҳуқуқ Эмомалӣ Буризода сухан карда, зикр намуданд, ки дар муддати 28 сол Конститутсия ҳамчун санади роҳнамо ва пойдевори ҳуқуқӣ ҷиҳати бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон нақши арзанда гузоштааст.
|
|
|
|
Page 65 of 317 |