Tuesday, 18 October 2022 08:01 |
There are no translations available.
РЕКТОР: ОЗМУНИ ФАЛАКСАРОЁН БАРГУЗОР КАРДА ШАВАД!
Имрӯз, ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар ҷаласа масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, тақсимоти дурусти соатҳои таълимӣ, фаъолияти Дармонгоҳ, сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ва назорати он, ҳолати бадарсоии донишҷӯён ва пешниҳоди мавзуъҳои фармоишӣ аз ҷониби факултетҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
Tuesday, 18 October 2022 07:57 |
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
Дар таърихи 17-уми октябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шуд.
Чорабинии фарҳангӣ, ки дар ин рӯз аз ҷониби донишҷӯёни факултет ба ҳозирин пешниҳод гардид, аз хониши суруд ва шеърҳо ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони англисӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ иборат буд.
|
Friday, 14 October 2022 10:40 |
There are no translations available.
ҚАРОРДОДИ ҶАМЪИЯТҲОИ ГЕОГРАФӢ
Чӣ тавре, ки зикр карда будем, дар таърихи 12 – уми октябри соли 2022 ҷиҳати тасдиқи қарордод оид ба ҳусни тафоҳум миёни ҷамъиятҳои географии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони расмии кишвари ҳамсоя ташриф оварда буданд. Шарипов Шавкат Муҳаммадҷонович – декани факултети география ва сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Арзиқулов Нодир Шодиевич, муовини раиси ҷамъияти географии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни мулоқот изҳор намуданд, ки тибқи қарордод ҳамкории дуҷониба дар ҳолати иҷрои фаъолиятҳо, мисли иштирок дар конфронсҳои муштарак, баргузор кардани корҳои илмӣ-тадқиқотии якҷоя, интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои якдигар, мубодилаи адабиёти илмӣ, илмӣ-методӣ ва ғайра амалӣ мешавад.
|
Thursday, 13 October 2022 06:58 |
There are no translations available.
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС
Дар таърихи 12-уми октябри соли 2022 Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид. Дар форуми мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва як зумра омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
|
Wednesday, 12 October 2022 08:23 |
DEVELOPMENT OF BILATERAL RELATIONS
DEVELOPMENT OF BILATERAL RELATIONS On October 11, 2022, as part of the Business Forum of Tajikistan and the Republic of Belarus, representatives of higher education institutions of this country visited Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni. The delegation consisted of the rector of Grodno State University named after Yanka Kupala Ms. Kiturko Irina Fyodorovna, the rector of Brest State University named after A.S. Pushkin Ms. Sender Anna Nikolaevna and the rector of the Minsk State University of Linguistics Ms. Lapteva Natalya Evgenevna visited the faculties of biology, history and pedagogy of the university and got a good impression.
|
Tuesday, 11 October 2022 11:15 |
There are no translations available.
РЕКТОР: МУНОСИБАТ БО ДОНИШҶӮ МИСЛИ МУНОСИБАТ БО ФАРЗАНД БОЯД БОШАД!
Дирӯз ҷаласаи назоратии ректори Донишгоҳ, бо иштироки муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва сардорони раёсат баргузор гардид.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, назорати дасрҳо, ҳолати дарсшиканӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, донишҷӯёни тариқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда, донишҷӯёне, ки то ҳол дар дарсҳо иштирок надоранд, ҳолати китобдории китобхона ва таъмини донишҷӯён бо китобҳои лозима, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ, муносибат бо донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
Tuesday, 11 October 2022 11:04 |
There are no translations available.
ҶАЛАСА БО КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ
Дар таърихи 10 октябри соли 2022 таҳти садорати муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинов Д.Ш. ҷаласаи васеи бахши илм ва инноватсия баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур кормандони бахши мазкур ва муовинони деканони факултетҳо оид ба илм иштирок намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа масоили зерин мавриди муҳокима пешбинӣ гардида буд:
|
|