Monday, 10 October 2022 10:25 |
There are no translations available.
ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР БАХШИ ПЕДАГОГИКА
Дар таърихи 8-уми октябри соли ҷорӣ устоди донишгоҳ Разоқов Хуршед Соҳибназарович рисолаи илмии номзадии худро дар мавзӯи “ Истифодаи афкори педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои X–XI ва анъанаҳои миллӣ дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагони синфҳои болоӣ” дар дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Сафаров Шодӣ Асомуродович бомуваффақият ҳимоя намуд.
|
Thursday, 06 October 2022 08:34 |
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ХОБГОҲ
Дар таърихи 5-уми октябри соли 2022 дар хобгоҳи № 6-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ Нигора Назарзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшоҳ Каримов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, коменданти хобгоҳ ва омӯгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
|
Thursday, 06 October 2022 05:09 |
There are no translations available.
ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ПОЯИ ДАВЛАТ
Имрӯз дар Донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони "Забони миллат - пояи давлат" конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик кард ва перомуни сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти забон сухан ронд.
|
Monday, 03 October 2022 05:21 |
There are no translations available.
ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» интишор гардида, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти № 230 ЖР-97 аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» соли 1978 таъсис ёфта, ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта, як муддат чопи он мавқуф гузошта шуда, шурӯъ аз соли 1996 нашри мунтазами он аз нав ба роҳ монда шуд, ки дар он мақолаҳои беҳтарини илмӣ ва илмию методии олимони донишгоҳ, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони кишварамон ва хориҷ аз он нашр мегарданд.
|
Friday, 23 September 2022 08:41 |
There are no translations available.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УСТОД РӮДАКӢ
Дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов М., мудири бахши кор бо занону духтарон Туманова Б., сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонзода А., мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷабборов М. ва коменданти хобгоҳ Шарипов М. иштирок намуданд.
|
Friday, 23 September 2022 03:15 |
There are no translations available.
ТАДҚИҚОТИ ГУРӮҲИИ ДОНИШГОҲҲОИ ОМӮЗГОРИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ
Дар таърихи 22-юми сентябри соли 2022 ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии ДДОМ - ташкилоти пойгоҳии ИДМ оид ба омодасозии кадрҳои педагогӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ширкат варзиданд.
|
Thursday, 22 September 2022 07:19 |
There are no translations available.
НУСРАТИ ДУРРИ ДАРӢ АЗ ОФТОБИ РӮДАКИСТ
Ҳамасола таърихи 22-юми сентябр ба ҳайси рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик Одамушшуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пазируфта шудааст. Дар ин росто, қайд кардан ҷоиз аст, ки аз соли 2008 инҷониб ин рӯз ба Рӯдакии бузургвор ихтисос дода шудааст. Ба ҳамин муносибат дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷик ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур устодону меҳмонони олиқадр ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
|
|
|
|
Page 71 of 317 |