Monday, 13 June 2022 11:53 |
There are no translations available.
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ВА ИҚДОМҲОИ НЕКИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз, дар таърихи 13-уми июни соли 2022 ҷаласаи васеи назди ректори донишгоҳ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур ҳайати раёсат, деканон ва раисони Комиссияи аттестатсионии хатм, инчунин мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Ректори донишгоҳ муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода, зимни ҷаласаи корӣ иброз намуд, ки мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад.
|
Sunday, 12 June 2022 06:14 |
There are no translations available.
ШАНБЕГӢ БИДУНИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН БАРГУЗОР ГАРДИД
12-уми июни соли ҷорӣ баҳри тақвияти корҳои ободониву покизагӣ дар асоси дастури ректори донишгоҳ, ҳашари дастаҷамъона дар утоқҳои корӣ ва гирду атрофи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур ҳайати раёсат, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ширкат варзиданд. Шанбегии мазкур, ки бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи биноҳои таълимӣ, утоқҳои корӣ ва кафедраҳо роҳандозӣ гардида буд, бидуни ширкати донишҷӯён баргузор гардид.
|
Saturday, 11 June 2022 09:48 |
There are no translations available.
НАМОИШ-ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МАОРИФИ РОССИЯ. ТОҶИКИСТОН-2022"
10 июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Маорифи Россия. Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Дар ин намоишгоҳ 34 донишгоҳи Федератсияи Россия, 4 филиали донишгоҳҳои Маскав дар Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус муаррифӣ шуданд.
Идомаи чорабинӣ имрӯз (11.06.2022) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 17:00 идома дорад.
Хатмкунандагони дараҷаи бакалавриат барои дохилшавӣ ба зинаи магистратураи донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар метавонанд ба Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
|
Saturday, 11 June 2022 09:46 |
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
4 июни соли 2022 дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон озмуни байналмилалии олимони ҷавони муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои ИДМ такҳти унвони «Беҳтарин олими ҷавон», ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавони Қазоқистон бо дастгирии Ассотсиатсияи Ҳаракати миллии «Бобек» - и ҳамин кишвар ташкил шудааст, баргузор гардид. Дар озмуни мазкур омӯзгорон, аспирантҳо, ва фаъолони маҳфилҳои илмии донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ ширкат варзиданд.
|
Friday, 10 June 2022 11:38 |
There are no translations available.
АТТЕСТАТСИЯИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ
Бо мақсади натиҷагирӣ аз хулосаи Комиссияи аттестатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, муайян намудани дараҷаи салоҳиятнокӣ доир ба вазифаи ишғолнамуда, сафарбарнамоӣ ба рухсатии эҷодӣ, гузариш аз такмили ихтисос, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, қобилияти корӣ, мувофиқати имконияти ҷисмонӣ, синнусолӣ, зеҳнӣ, муайян намудани сатҳи дониш (забондонӣ, қобилияту маҳорати ҳуҷҷатниорӣ, истифодаи технологияи иттилоотӣ), ҳамчунин беҳтар гардонидани сатҳи сифати таҳсилот, тақвияти нерӯи (потенсиали) илмии донитшгоҳ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикстон ба номи Садриддин Айнӣ 6 июни соли 2022 аттестатсияи ҳайати омӯзгорон (ассистентон ва муаллимони калони беунвон) оғоз гашта, то 21 июни соли 2022 давом хоҳад ёфт.
|
Tuesday, 07 June 2022 08:18 |
There are no translations available.
Ташрифи намояндаи АКД Ҷопон ба донишгоҳ
6 майи соли 2022 намояндаи Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ариса Саито ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, аз ҳолати роҳҳои махсус барои ашхоси имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи АКД Ҷопон дар доираи “Лоиҳаи таҳияи Барномаи таълимии курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мактабҳои олӣ барои рушди таҳсилоти фарогир” дар даромадгоҳҳои бинои асосӣ, биноҳои таълимӣ, китобхонаи донишгоҳ, маркази машваратӣ, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, маркази қабули имтиҳонҳо, майдончаи варзишӣ ва дигар сохтору шуъбаҳои лозима бунёд гардида буданд, дидан кард ва ба истифодабарии онҳо дар донишгоҳ баҳои баланд дод.
|
Saturday, 04 June 2022 07:25 |
There are no translations available.
ФОРУМИ ОМӮЗГОРИИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи 1-ум июли соли 2022 дар шаҳри Маскав Форуми омӯзгории тобистонаи байналмилалии “Ҷамъиятҳои муассисаҳои таълимӣ ва навгониҳо” баргузор мегардад. Ташкилкунандагон — Фонди Рибаков, Мактаби педагогии Донишгоњи федералии Далнивосток ва Институти таҳсилоти Мактаби олии иктисодиёти Маскав.
Ҳадафи форуми мазкур - ин рушди ҷомъиятҳои педагогӣ: ташаккули робитаҳои уфуқӣ байни иштирокчиён, таҳкими робитаҳои тарафайн, муҳокимаи навовариҳо дар соҳаи маориф мебошад.
|
|