Wednesday, 04 May 2022 13:25 |
There are no translations available.
ЁДБУДИ ДАСТПАРВАР ВА ОМЎЗГОРИ ДОНИШГОҲ - ШОИРИ МАЪРУФ ТИЛЛО ПӮЛОДӢ
4 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети филологияи тоҷик ҳамоиши илмию адабӣ бахшида ба 110-солагии шоир ва омӯзгори кафедраи адабиёти тољик Тилло Пӯлодӣ (1912-1974) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш устодону донишҷӯёни донишгоҳ, адибон, шогирдон ва пайвандони Тилло Пӯлодӣ иштирок намуданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, аз хизматҳои мавсуф дар ҷодаи адабиёт ва фаъолияти омӯзгории ӯ дар донишгоҳ ёдовар шуда, ҳамзамон зикр намуд, ки ӯ солҳои зиёд сардор ва гардонандаи маҳфили “Адибони ҷавон”-и донишгоҳро ба ўҳда дошт.
|
Wednesday, 04 May 2022 11:54 |
There are no translations available.
МУАММОҲОИ ЭКОЛОГИИ МИНТАҚАҲОИ ТАБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
4 майи соли 2022 бо ибтикори кафедраи геоэкологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи тарбияи экологӣ, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои экологии минтақаҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мутахассисон аз дигар донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар ниҳодҳои илмии кишвар иштирок карданд.
|
Tuesday, 03 May 2022 12:12 |
There are no translations available.
ТАЪМИНИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БО ҶОИ КОР
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон ҳар сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии хатмкунандагон бо намояндагони шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо барпо карда мешавад. Ҳамин тавр 3-юми майи соли 2022 вохӯрии навбатӣ бо хатмкунандагони риштаи омӯзгории донишгоҳ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ, сармутахассиси раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафармо Сафарзода, сардори шуъбаи кадрҳои сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумъахон Самиев ва намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок карданд.
|
Friday, 29 April 2022 06:01 |
EXPERIENCE AND CONTRIBUTION OF THE “HIGHER EDUCATION PROJECT” IN TAJIKISTAN
On April 28, in the conference hall of the Tajik state medical university named after Abuali Ibn Sino, with the participation of the deputy minister of education and science Lutfiya Abdulkholikzoda, representatives of the “Higher Education Project”, relevant ministries and departments, higher educational institutions and the World Bank, a conference was held on the topic “Experience and contribution of the “Higher Education Project” in Tajikistan”, which was also attended by representatives of the HEI of country regions via Zoom.
|
Thursday, 28 April 2022 06:45 |
There are no translations available.
МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА РИЁЗӢ
28 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар муовини ркктор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов, сардори раёсати илм ва инноватсия Комрон Кудратов, сардори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии донишгоҳ Раъно Бобокалонова ва унвонҷӯёну докторантони донишгоҳ иштирок карданд.
|
Wednesday, 27 April 2022 11:14 |
There are no translations available.
ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Нахуст, муовнини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонова баромад намуда, перомуни аҳамияти фарҳангию маърифатӣ ва нуфузу мақоми ин озмуни шуҳратёр ибрози ақида кард. Мавсуф аз ҷумла зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат солҳои охир илму маърифат рушд намуда, миқдори ширкаткунандагони озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бештар мегардад.
|
Wednesday, 27 April 2022 03:58 |
There are no translations available.
Мулоқот бо директори АМАР
26 апрели соли 2022 директори Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон Алина Жумагулова ва намояндаи агентии мазкур Олга яновская ба донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ дотсент Азам Байдуллоев мулоқот анҷом доданд.
|
|
|
|
Page 85 of 317 |