Saturday, 23 April 2022 07:44 |
There are no translations available.
ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯИВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
Бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) соли дувум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад. Ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмун ин рушди тафаккури техникии донишҷӯёну хонандагони макотиби оливу миёна, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, равнақ додани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
|
Saturday, 23 April 2022 07:08 |
There are no translations available.
ВОХӮРИ БО ХАТМКУНАНДАГОН
Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомад оиди тақсимоти пешакии хатмкунандагое, ки тариқи буҷавӣ ва квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Давлатхон Назаров, ҳуқуқшинос Шӯҳрат Шарипов, мудири маркази таҷрибаомӯзӣ Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ширкат варзиданд.
|
Wednesday, 20 April 2022 09:55 |
There are no translations available.
ФЕСТИВАЛИ «ҲАМРАНГИ ЗИНДАГӢ» ИФОДАКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
20 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фестивали донишгоҳии «Ҳамранги зиндагӣ» баргузор гардид. Фестивали мазкур дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ташкил шуда, дар он либосҳои миллии кӯдакона, наврасон ва калонсолон, либосҳои махсуси идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, либосҳои арӯсӣ ба намуди аврупоию миллӣ ва амсоли инҳо намоиш дода шуданд.
|
Wednesday, 20 April 2022 06:43 |
There are no translations available.
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – ӮҲДАДОРИИ ҲАР ЯК ФАРД
20-уми апрели соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва тавзеҳи оқибатҳои он вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ раёсати донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок карданд.
|
Tuesday, 19 April 2022 09:13 |
There are no translations available.
ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ
Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон ҳафтаи илм бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин васила 14 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфта, то имрӯз идома ёфт. Имрӯз ҳам дар зиёда аз 13 кафедра конференсия баргузор гардида, зиёда аз 285 маърӯза шунида ва муҳокима карда шуд.
|
Monday, 18 April 2022 10:14 |
There are no translations available.
ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ
Чун анъана ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳафтаи илм ном гирифта, бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин замина 14 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфта, то ҳол дар кори он дар бахшҳо идома дорад.
|
Saturday, 16 April 2022 10:50 |
There are no translations available.
ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО
Ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвар “Ҳафтаи илм” ном гирифтааст. Ба ҳамин муносибат, инак рӯзи сеюм аст, ки дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияҳои илмӣ баргузор гашта истодааст.
|
|
|
|
Page 86 of 317 |