Saturday, 16 April 2022 08:35 |
There are no translations available.
ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ ЗОДРӮЗИ УСТОД АЙНӢ
16 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт бахшида ба 144-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ маҳфили илмию адабӣ баргузор карда шуд. Ҳамоишро ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш аз заҳмату ҷонфидоиҳои С. Айнӣ дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон ёдовар шуд.
|
Friday, 15 April 2022 10:06 |
There are no translations available.
ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО
Имрӯз кори конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар бахшҳо дар зиёда аз 12 кафедраи тахассусӣ давом ёфта, дар рафти он зиёда аз 125 маърӯзаи устодон ва 155 маърӯзаи магистрону донишҷӯён шунида ва муҳокима карда шуданд. Кори конфренесия то 19.04.2022 давом хоҳад ёфт.
|
Friday, 15 April 2022 07:47 |
There are no translations available.
ҶОН СУПОРАМ ҲАМЧУ АЙНӢ БАҲРИ ТУ МАН, ЭЙ ВАТАН!
15 апрели соли 2022 ба муносибати зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар пояи муҷассамаи ин абармарди таърихӣ, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ҷойгир аст, гулчанбар гузошта шуд. Дар ин чорабинӣ аҳли раёсати донишгоҳ, садорат ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок намуданд.
|
Thursday, 14 April 2022 11:07 |
There are no translations available.
ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО
Имрӯз пас аз нисфирӯзӣ кори конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар бахшҳо давом ёфт. Зиёда аз 120 маърӯзаи устодон ва 188 маърӯзаи магистрону донишҷӯён шунида ва муҳокима карда шуданд. Ёдовар мешавем ,ки кори конфренесия то 19.04.2022 давом хоҳад ёфт.
|
Thursday, 14 April 2022 10:29 |
There are no translations available.
ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ
Чун анъана ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳафтаи илм ном гирифта, бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин замина 14 апрели соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (барои солҳои 2020-2040), Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
|
Thursday, 14 April 2022 06:03 |
There are no translations available.
Қисми 4 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A4-04-14 Қисми 3 - https://teleg ra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A3-04-14 Қисми 2 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A2-04-14Қисми 1 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-04-14 Давоми матлаб: Дар муқаддима масъалаи таъмир ва татҳири (пок, покиза, тоза) фикр, ба воситаи он расидан ба худшиносӣ, ки танҳо тавассути донишу хирад ва таҷрибаи зиндагӣ сурат мегирад, таъкид мегардад.Дар ин маврид ақл, ҳуш, зеҳн, идрок ва дарёфти инсонӣ-хирадро дар ҷойи аввал мегузорад.
|
Thursday, 14 April 2022 03:32 |
FIRST INTERNATIONAL ASSEMBLY RUSSIAN ACADEMY OF EDUCATION
The Russian Academy of Education invites interested representatives of the professional community of the Republic of Tajikistan to take part in the first International Assembly of the Russian Academy of Education "A student in the modern world: formula for success".
|
|
|
|
Page 87 of 317 |