Wednesday, 13 April 2022 09:28 |
There are no translations available.
СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ВА МАСЪАЛАНОКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ
13 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии педагогика бахшида ба ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сифати таҳсилот ва масъаланокии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас мушовири директори агентии назорат дар соҳаи маорифи ва илм Латофат Назирӣ доир ба роҳҳои ташкил ва гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ Табаралӣ Ғаниев оид ба модели системавии таълимоти бефосила, професссори кафедраи пелагогика оид ба проблемаҳои сифати таҳсилот, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Шарифмурод Исрофилниё оид ба мушкилоти таълими адабиёт ва мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ Зарина Норова оид ба аҳамияти сифати таҳсилот маърӯза карданд.
|
Tuesday, 12 April 2022 07:39 |
There are no translations available.
ПАРВОЗИ АВВАЛИН БА КАЙҲОН-ЗАМИНАИ РУШДИ КАЙҲОНАВАРДӢ ДАР ҶАҲОН
12-уми апрели соли 2022 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин айнӣ мизи мудаввар бахшида ба «Рӯзи кайҳонавардон» таҳти унвони «Парвози аввалин ба кайҳон-заминаи рушди кайҳонавардӣ дар ҷаҳон» баргузор гардид. Нахуст декани факултет Наҷмиддинов А, сухан гуфта, зикр кард, ки ҳамасола 12-уми апрел дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи нахустин парвози инсон ба кайҳон таҷлил карда мешавад.
|
Monday, 11 April 2022 10:19 |
There are no translations available.
НАҚШИ ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ УМУМИТЕХНИКӢ ДАР РУШДИ САНОАТИКУНОНИИ ҶУМҲУРӢ
11 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети тохнология ва соҳибкорӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии устоди кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкорӣ Сайфиддинов Муҳабат баргузор гардид. Қисмати ифтитоҳии конференсияи мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшид.
|
Monday, 11 April 2022 07:31 |
INTERNATIONAL STUDENT DISTANCE OLYMPIAD
Moscow state pedagogical university (MSPU) - base organization of the Commonwealth of Independent States for the teacher training, invites 3rd, 4th and 5th year students to take part in the fourth International Student Distance Olympiad "Digital Pedagogy".
The main subject area of the Olympiad is the disciplines: pedagogy, psychology and methodological.
|
Thursday, 07 April 2022 10:13 |
There are no translations available.
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
6 апрели соли 2022 бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ як қатор донишҷӯёни маъюб, камбизоат ва ятимони кулли донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат дидан карданд. Зимни боздид аз осорхонаи мазкур донишҷӯён оид ба даврони таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти пурра гирифтанд. Сипас, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабов Дилшод дар дафтари ташрифи меҳмонони осорхона бардошти донишҷӯёнро навишта, соядаст гузошт.
|
Friday, 01 April 2022 09:30 |
There are no translations available.
Имрӯз, 31 март айбдоршавандаи парвандаи ҷиноятӣ, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) Манучеҳр Шеров дастгир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар доданд.
|
Thursday, 31 March 2022 13:55 |
There are no translations available.
РӮҲИЯИ ВАТАНДОРӢ АЗ ТАМОШОИ “ДОСТОНИ НУР”
30-юми марти соли 2022 устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз намоиши операи миллии “Достони Нур” дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд. Муаллифи оњанг раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода ва муаллифи либреттои операи мазкур Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар мебошанд. Омӯзгорону донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ аз намоиши ин асари таърихию тамсилии театрӣ бо рӯҳияи баланди ватандорию фарҳанггустарї истиқбол гирифтанд.
|
|
|
|
Page 88 of 317 |