Monday, 28 February 2022 07:50 |
There are no translations available.
РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД
Ба таваҷҷӯҳи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ расонида мешавад, ки 3 марти соли 2022 аз соати 8:00 то соати 12:00 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад.
МАРҲАМАТ БА ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ!
|
Thursday, 24 February 2022 09:28 |
There are no translations available.
ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХАТМКУНАНДАГОН
24 феврали соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо хатмкунандагони донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадшариф Бобошоҳзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Соҳибназар Сафаров, муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода, кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
|
Wednesday, 23 February 2022 11:56 |
There are no translations available.
МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Бо ибтикори Шуъбаи кор бо ҷавонон, Иттифоқи касабаи донишҷуён дар якҷоягӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати ҷашни 29-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ баргузор карда шуд.
|
Wednesday, 23 February 2022 11:13 |
There are no translations available.
ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ
23 феврали соли 2022 дар асоси нақша - чорабиниҳои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор"-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар толори варзшии донишгоҳ машқи пагоҳирӯзӣ ташкил карда шуд. Дар машқи пагоҳирӯзӣ донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда иштирок намуданд.
|
Wednesday, 23 February 2022 10:22 |
There are no translations available.
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ- СИПАРИ ДАВЛАТ
Дар доираи таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хобгоҳи 6-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони "Қувваҳои мусаллаҳ - сипари давлат" мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, Дилшод Раҷабов - муовини раиси ташкилот, Давлатшо Каримов - котиби ташкилот, Ғоибов Аслиддин-палковники эҳтиётии Вазорати мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Сатторов Сангмаҳмад иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
Wednesday, 23 February 2022 05:55 |
There are no translations available.
А НУ-КА, ПАРНИ!
Дар доираи таҷлил аз 29-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии варзишӣ ва интелектуалӣ таҳти унвони “А ну-ка, парни!”баргузор гардид.
|
Tuesday, 22 February 2022 10:49 |
There are no translations available.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР ХОНАИ ПИРОНСОЛОН
22 феврали соли 2022 бо ташабуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳайати ансамбли "Чеҳранамо"-и донишгоҳ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи пиронсолони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷамила Мусоҷонзода ва як қатор омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
|
|
|
|
Page 92 of 317 |