Saturday, 05 February 2022 05:36 |
There are no translations available.
ШАҲРАМОНРО БА ШАҲРИ “САБЗ” ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!
5 феврали соли 2022 бо ибтикори факултети таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар гирду атрофи донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти шиори “Шаҳрамонро ба шаҳри “Сабз” табдил медиҳем!” баргузор гардид. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ, қисми тарбияи донишгоҳ ва садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ширкат намуда, дар кабудизоркунии гирду атрофи донишгоҳ саҳми назарраси хешро гузоштанд.
|
Friday, 04 February 2022 10:36 |
There are no translations available.
ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
4 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сангинзода Ғайрат, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Гулзода Маҳкам Ҷума, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ Нусратулло Маҳмудзода, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
|
Thursday, 03 February 2022 08:54 |
There are no translations available.
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ МАОРИФ ДАР СОЛИ 2022 ОЗМУН ЭЪЛОН КАРДА ШУД
ДУШАНБЕ, 03.02.2022/АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми ҶТ барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2022 озмун эълон намуд. Роҳбарони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ номзадҳоро ҷиҳати иштирок дар озмун бояд то 18 марти соли равон ба вазорат пешниҳод намоянд.
|
Wednesday, 02 February 2022 11:59 |
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
"Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо-тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид."
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
2 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ҷашн аҳли раёсати донишгоҳ, меҳмонон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Расёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ш. Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ иштирок намуданд.
|
Wednesday, 02 February 2022 06:52 |
There are no translations available.
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДОИР БА ПСИХОЛОГИЯ
02 феврали соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факутети психология ва таҳсилоти фарогир конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши ниҳодҳои иҷтимоӣ дар таъмини солимии психологии насли ояндасоз” баргузор гардид.
|
Monday, 31 January 2022 11:15 |
PRESS CONFERENCE AT TSPU NAMED AFTER S. AINI
On January 31, 2022, a press conference was held at Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini, which was attended by the university's management staff and representatives of the country's media.
The Rector of the University, Professor N. U. Gaffori, welcomed the media representatives and familiarized the participants of the conference with the results of the university's activities for 2021. As part of his presentation, the rector presented an analysis of the aforesaid year of teaching, methodological, educational and research works, as well as international relations of the university.
|
Monday, 31 January 2022 07:14 |
There are no translations available.
АКСИЯИ “30 СОЛИ ҲАМБАСТАГИИ ҶАВОНОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ДАР ДОНИШГОҲ
Бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аксияи “30 соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” баргузор гардид. Ҳадафи аксияи мазкур иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонони кишвар ва баланд бардоштани сатҳи огоҳиву маърифати сиёсии онҳо дониста мешавад.
Бояд гуфт, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳми назаррас дошта, то замони ташкилёбии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон буд.
|
|
|
|
Page 95 of 317 |