• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Saturday, 29 January 2022 17:10
There are no translations available.

Изҳороти Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев пас аз мулоқот

 
Saturday, 29 January 2022 04:05
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМӮЗГОР”

28 январи соли 2022 дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” баргузор гардид. Дар ин ҷаласа муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ – Мирзозода Абдусалом, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе – Мирзозода Иброҳим, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Ҷумахон Ҷӯрахонзода, муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”- Дилшод Раҷабов, котиби ташкилот – Давлатшо Каримов ва омӯзгорону донишҷӯёни аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Ҷаласаро Мирзозода Абдусалом ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва аъзоёни ҳизбро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” – Дилшод Раҷабов оид ба фаъолияти солонаи ташкилот баромад намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар донишгоҳ 1164 нафар аъзои ҳизб буда, 422 нафари онҳоро устодон ва боқимондаро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Дар соли 2021 ташкилот 223 чорабинии фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ, варзишӣ ва ғайраро баргузор кард.

 
Wednesday, 26 January 2022 11:23
There are no translations available.

САФАРБАРНАМОИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ТАҶРИБАОМӮЗӢ

26 январи соли 2022 дар факултетҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мувофиқи нақшаи таълимӣ ва ҷадвали пешниҳоднамудаи маркази таҷрибаомузӣ ва рушди касбият конференсия оид ба сафарбарнамоии донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум ба таҷрибаомӯзӣ гузаронида шуд. Дар конференсияҳои мазкур мудири Маркази таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, деканҳои факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ баромад намуда, донишҷӯёнро ба қоидаҳои муассисаҳои таълимӣ ва қисматҳои фармоиши ректори донишгоҳ шинос намуданд. Ҳамчунин дар конференсия методистони вобасташуда аз кафедраҳои тахассусӣ ва  кафедраҳои умумидонишгоҳии психология ва педагогика иштирок намуданд.

 
Saturday, 22 January 2022 07:44
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ОЛИМИ СОЛ”

Дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади рушди илми донишгоҳӣ, дастгирии олимони донишгоҳ ва таҳрику ҳавасмандгардонии онҳо ҳар сол озмуни “Олими сол” баргузор карда мешавад. Озмун аз рӯи ду номинатсия – илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ-риёзӣ баргузор мешавад. Ғолибони озмун бо нишон, диплом ва маблағи муайян қадрдонӣ карда мешаванд.

 
Friday, 21 January 2022 09:19
There are no translations available.

МУҲИМТАРИН МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ  МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ БАРРАСӢ ШУДАНД

21 январи соли 2022 дар толори Шурои олимони ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик мизи мудаввар дар мавзӯи «Муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ ва амалии  муносибати босалоҳият ба таълим» баргузор гардид. Мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, профессор Ш.Р. Исрофилниё нишасти илмиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба дурнамои рушди маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ дар ин масъала сухан карда, ҳадаф, зарурат ва мушкилоти татбиқи муносибати босалоҳиятро кӯтоҳ шарҳу тавзеҳ дод. Сипас гузориши дотсенти ДМТ, сарходими АТТ Азим Байзоев дар мавзӯи «Муҳимтарин масъалаҳои назариявӣ ва амалии  муносибати босалоҳият ба таълим» ироа гардид. Дар ин гузориш А. Байзоев доир ба масъалаҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла роҳҳои татбиқ намудани муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳадаф ва зарурати он, мувофиқати барномаву китобҳои дарсӣ ба ин шеваи таълим ва дигар паҳлӯҳои раванди таълим сухан ронд. Иштирокчиёни мизи мудаввар  перомуни масъалаҳои гуногуни  муносибати босалоҳият ба А. Байзоев савол дода, ҷавобҳои қоноатбахш гирфтанд.

 
Friday, 21 January 2022 08:50
There are no translations available.

НАШРИ КИТОБИ «ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» ДАР АСОСИ ҚОИДАҲОИ НАВИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

«Забони тоҷикӣ» (дастури таълимӣ-тахассусӣ барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзӣ) - чунин ном дорад китоби нави мудири кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод, ки ба тозагӣ интишор гардид. Китоб дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, № 268 тасдиқ шудааст, таълиф гардидааст.

Ба хотири вусъати бештари омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли ҷавон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Бо мақсади амалисозии ин тадбир ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин зарурияти тақозои таълим доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод тасмим гирифта аст, ки нахустин дастури таълимии “Забони тоҷикӣ”- ро барои донишандӯзони риштаҳои табиӣ ва риёзии донишгоҳ таълиф намояд.

 
Friday, 21 January 2022 08:46
There are no translations available.

КИТОБИ “ОМӮЗГОР - ЧАРОҒИ РӮЗГОР” ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ИНТИШОР ГАРДИД

Ба хотири  нишон додани дастовардҳои соҳаи маориф дар замони истиқлол, мушкилот ва дурнамои соҳа, ки дар Паёми имсолаи Президент таъкид шудаанд, инчунин  ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеаи муосир аз ҷониби яке аз нахустин муассисаҳои олии таълимии мамлакат ДДОТ ба номи С. Айнӣ китоби «Омӯзгор - чароғи рӯзгор» таҳия ва нашр гардид. Он фарогири се бахш аст: бахши якум ба инъикоси симои омӯзгор, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва илму маориф дар партави суханрониҳо, паёмҳо ва таълифоти Пешвои миллат иртибот дорад.

 


Page 96 of 317
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в