Wednesday, 24 November 2021 11:33 |
There are no translations available.
ПАРЧАМ РАМЗИ САОДАТ ВА ПИРӮЗИИ МИЛЛАТ
24 – уми ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ бахшида ба “Рӯзи парчами давлатӣ” семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва директори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Небраскаи Омаҳаи ИМА профессор Пэтрик Макнамара баргузор гардид. Семинарро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п, дотсент Байдуллоев Аъзам оғоз намуда, сипас бо камоли эҳтиром риштаи суханро ба меҳмони олиқадр Пэтрик Макнамара супорид. Устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа дар мавзуи “ИМА ва Тоҷикистон: робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ дар даврони Истиқлолият” маърӯзахонӣ намуд. Баъдан, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ н.и.с. Амиров Толиб Шарифович дар мавзӯи “Парчам рамзи саодат ва пирӯзии миллат” баромад намуд.
|
Wednesday, 24 November 2021 10:11 |
There are no translations available.
Участие преподавателей ТГПУ им. С.Айни в международной
научно- практической конференции: «Русский язык в современном Китае»
24.11.2021 года заведующая кафедрой современного русского языка и общего языкознания, доцент Мирганова Нигина Рауфовна и кандидат филологических наук Эшназарова Сарвиноз Маматовна в онлайн формате выступили с научным докладом на международной научно- практической конференции «Русский язык в современном Китае» на тему: «Язык. Лингвистика. Личность. Коммуникация. Преподаватель», «Лексические средства выражения темпоральности в русском и таджикским языках».
|
Wednesday, 24 November 2021 08:10 |
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-ТРЕНИНГ
ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ
Ибтидо аз санаи 19.11.2021 то 23.11.2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки як зумра таълимшиносон, мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ семинар-тренинг “Оид ба омода намудани тренерҳо ҷиҳати таҳия, ташаккул ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии насли нав” бо дастгирии “Бонки ҷаҳонӣ”, Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки маърӯзахонии онро намоянда: профессор Владимир Бриллер аз кишвари ИМА бар ӯҳда дошт.
Маврид ба зикр аст, тӯли ин чанд рӯз коршиносон доир ба самти таълим, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он бо ин намояндаи хориҷӣ гуфтугузор намуданд. Ногуфта намонад, ки бештари аз иштирокдорони семинари мазкур аз худи муассисаи таълимии мо ба ҳисоб мерафтанд.
|
Wednesday, 24 November 2021 05:55 |
There are no translations available.
Мусаллам аст, ки рубоӣ аз навъҳои хеле маъмули назми форсии дарии тоҷикӣ дар асрҳои даҳум ва ёздаҳум ба шумор рафта, тамоми шоирони давраҳои гуногун аз ин тариқаи эҷоди бадеӣ барои расонидани ҳадаф ва матлабу мазомини иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, адабӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, динию мазҳабӣ васеъ истифода бурдаанд. Дар баробари ин ки ҳамаи шоирони бузург камокон рубоӣ ва дубайтӣ эҷод кардаанд, барои як иддаи бузурги донишмандон ва орифони суханвар рубоӣ ба сифати навъи асосии фаъолият эҷодӣ ва василаи изҳори завқу маром будааст (ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. Душанбе: “Ирфон”, 1986. С.5). Ҳаким Умари Хайём аз ҷумлаи ин донишмандон маҳсуб меёбад, ки аз тариқи рубоисароӣ ҳикмату фалсафа, мушкилоти зиндагӣ ва воқеиёти давру замонро ифода намудааст.
|
Tuesday, 23 November 2021 06:26 |
There are no translations available.
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ
23.11.2021 дар факултетҳои химия, физика ва таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ба ифтихори “Рӯзи парчами давлатӣ” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз!”-дар факултети химия, “Парчам – рамзи соҳибдавлатии кишвар” –дар факултети физика, “Парчамат аз Кова омад”-дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Деканони факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста пайдоиш, гиромидошт ва нақши парчами давлатӣ маърӯзаҳо намуданд. Сурудхонии донишҷӯён ба чорабинии факултетҳо ҳусни тоза мебахшид.
|
Tuesday, 23 November 2021 06:18 |
There are no translations available.
ПАРЧАМ-РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ
23-юми ноябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айни мизи мудаввар таҳти унвони “Парчам-рамзи озодии миллат” бахшида ба “Рӯзи парчами давлатӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид . Мизи мудаварро мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Аминзода Манижабону оғоз бахшида, тамоми иштирокчиёни мизи мудавваро ба “Рӯзи парчами давлатӣ” табрику таҳният намуд.
|
Monday, 22 November 2021 06:08 |
There are no translations available.
ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО
22.11.2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори “Рӯзи парчами давлатӣ” аз ҷониби шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Парчами мо – ифтихори мо” баргузор гардид, ки дар он сардори шуъбаи ҷавонон Абдураҳмонов Маҳдӣ доир ба хусусиятҳои пайдоши нахустин парчами ниёконӣ “Дирафши Ковиён” андешаронӣ намудаву таъкид бар он намуд, ки ҳамасола 24-уми ноябр дар Тоҷикистон ин иди миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
|
|
|
|
Page 102 of 317 |