Monday, 27 September 2021 05:35 |
There are no translations available.
Ифтитоҳи бинои маркази адлия ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Дарвоз
27.09.2021 10:09, ноҳияи Дарвоз
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.
Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки дорои тамоми шароити замони муосир мебошанд.
|
Monday, 27 September 2021 05:32 |
There are no translations available.
Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ
27.09.2021 10:05
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамаи сокинони заҳматдӯсти ин ноҳияҳоро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ин ҷашни сарнавиштсозро сокинони ватандӯсту меҳмоннавози ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, махсусан, Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
|
Monday, 27 September 2021 05:29 |
There are no translations available.
Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз
27.09.2021 09:52, ноҳияи Дарвоз
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолон бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Намоишгоҳ аз 2 қисми асосӣ - намоишгоҳи асал ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ иборат буд. Деҳқонони ризқофари кишвар маҳсули дастранҷи худро бо ороишоти гуногун ба намоиш гузоштанд, ки хеле дилкаш ва бо шукӯҳ буд.
Дар ин майдони фаррох дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони зарофар аз 9 шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни маҳсулоти занбӯри асал ва меваю сабзавоти шаҳдбори худро ба маъраз гузоштанд.
|
Friday, 24 September 2021 13:51 |
There are no translations available.
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам Раиси иҷлоси навбатии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Абдулло Шоҳидро ба муносибати интихоб шуданашон ба ин маснад табрику таҳният намоям.
Ҳамкорони гиромӣ,
9 сентябри соли ҷорӣ мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди басо таърихӣ ва хотирмон – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро таҷлил намуд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо ҳодисаҳои фоҷеабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардида, рӯзҳои сангинро паси сар кард.
Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафтанд.
Бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, маҳз ба шарофати сиёсати “дарҳои кушода” ва сулҳҷӯёна, ба мо муяссар шуд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо ва рушди устувори кишварро таъмин намоем.
|
Friday, 24 September 2021 10:06 |
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОШУНАВОЁН
ДАР ДОНИШГОҲ
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи сентябр дар саросари ҷаҳон рӯзи байналмилалии ношунавоён таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад санаи 24.09.2021 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Ношунавоёнро мешунавем” баргузор гардид. Нахуст омӯзгори калони кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир, сурдопедагоги шинохтаи кишвар Саттор Қувватов баромад намуда, оид ба дастовардҳои ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маълумоти муфассал дод.
|
Thursday, 23 September 2021 09:07 |
There are no translations available.
ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ РӮДАКӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК
Ҳамасола 22-юми сентябр дар саросари кишвар ба ифтихори шоири шаҳир, сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик, одамушуаро Абуабдуло Рӯдакӣ ҳамчун “Рӯзи Рӯдакӣ”бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
22.09.2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёт маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Шӯҳрати дурри дарӣ, аз офтоби Рӯдакист!” баргузор гардид.
|
Monday, 20 September 2021 11:56 |
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ ЁДБУДИ ШОИР ГУЛНАЗАР КЕЛДӢ ДАР ОРОМГОҲИ ЛУЧОБ
Ҳамасола 20-уми сентябр рӯзи мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, шоири муҳбуб Гулназар таҷлил мегардад. Ба хотири арҷгузорӣ ба саҳми арзандаи Гулназар дар рушди адабиёти тоҷик ва гиромидошти солрӯзи шоири шаҳир имрӯз гурӯҳи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар оромгоҳи мавзеи Лучоби пойтахтмаҳфили ёдбуд барпо намуданд.
|
|