• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз504
mod_vvisit_counterДирӯз849
mod_vvisit_counterДар ҳафта5468
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта5502
mod_vvisit_counterМоҳ12691
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта25816
mod_vvisit_counterҲамагӣ755338

Online 14
IP шумо: 216.73.216.118
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-08-16 15:12
Tuesday, 18 October 2022 10:54
There are no translations available.

ШУКӮҲИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

18-уми октябри соли 2022 ҷашни Меҳргон тибқи нақшаи раёсати Донишгоҳ дар факултети болозикр бо як шукуҳи хоса таҷлил гирифта шуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҷашни Меҳргонро дар факултаи мазкур Нигора Назарзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз намуда, омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони факултетро ба муносибати ин ҷашн табрик намуд ва  барои оростани чунин як хони идона ба масъулину ташкилкунандагон изҳори сипос намуд. 

 
Tuesday, 18 October 2022 10:43
There are no translations available.

ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН

18-уми октябри соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода, мудири шуъбаи таҳлил, робита ва кор бо ҷомеа Шараф Алланазаров, раиси шурои кураторон Нуралӣ Сатторов, декани факултет Аҳрор Қаландаров ширкат  намуданд.

 
Tuesday, 18 October 2022 08:01
There are no translations available.

РЕКТОР: ОЗМУНИ ФАЛАКСАРОЁН БАРГУЗОР КАРДА ШАВАД!
Имрӯз, ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар ҷаласа масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, тақсимоти дурусти соатҳои таълимӣ, фаъолияти Дармонгоҳ, сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ва назорати он, ҳолати бадарсоии донишҷӯён ва пешниҳоди мавзуъҳои фармоишӣ аз ҷониби факултетҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
Tuesday, 18 October 2022 07:57
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
Дар таърихи 17-уми октябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳи хоса таҷлил карда шуд.
Чорабинии фарҳангӣ, ки дар ин рӯз аз ҷониби донишҷӯёни факултет ба ҳозирин пешниҳод гардид, аз хониши суруд ва шеърҳо ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони англисӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ иборат буд.
 
Friday, 14 October 2022 10:40
There are no translations available.

ҚАРОРДОДИ ҶАМЪИЯТҲОИ ГЕОГРАФӢ

Чӣ тавре, ки зикр карда будем, дар таърихи 12 – уми октябри соли 2022 ҷиҳати тасдиқи қарордод оид ба ҳусни тафоҳум миёни ҷамъиятҳои географии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони расмии кишвари ҳамсоя ташриф оварда буданд. Шарипов Шавкат Муҳаммадҷонович – декани факултети география ва сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Арзиқулов Нодир Шодиевич, муовини раиси ҷамъияти географии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни мулоқот изҳор намуданд, ки тибқи қарордод ҳамкории дуҷониба дар ҳолати иҷрои фаъолиятҳо, мисли иштирок дар конфронсҳои муштарак, баргузор кардани корҳои илмӣ-тадқиқотии якҷоя, интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои якдигар, мубодилаи адабиёти илмӣ, илмӣ-методӣ ва ғайра амалӣ мешавад.

 
Thursday, 13 October 2022 06:58
There are no translations available.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

Дар таърихи 12-уми октябри соли 2022  Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид. Дар форуми мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва як зумра омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 
Wednesday, 12 October 2022 08:23

DEVELOPMENT OF BILATERAL RELATIONS

DEVELOPMENT OF BILATERAL RELATIONS On October 11, 2022, as part of the Business Forum of Tajikistan and the Republic of Belarus, representatives of higher education institutions of this country visited Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni. The delegation consisted of the rector of Grodno State University named after Yanka Kupala Ms. Kiturko Irina Fyodorovna, the rector of Brest State University named after A.S. Pushkin Ms. Sender Anna Nikolaevna and the rector of the Minsk State University of Linguistics Ms. Lapteva Natalya Evgenevna visited the faculties of biology, history and pedagogy of the university and got a good impression.

 


Page 111 of 358
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

We are on social networks