• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 11 June 2021 08:37
There are no translations available.

Дар ВАО ҳар рӯз қиссаҳои илҳомбахш дар бораи тоҷикистониёне, ки ҷаҳонро тасхир мекунанд, барномасозони сатҳи олӣ, олимони ҷавон, тарроҳони боистеъдод интишор меёбанд. Ва ин насли нави ҷавон аст. Аммо дар паси онҳо аксар вақт касоне ҳастанд, ки ин ҷавононро дастгирӣ мекунанд ва онҳо насли аввали касонест, ки аллакай солҳои зиёд дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд.

 
Thursday, 10 June 2021 06:01
There are no translations available.

 

Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

10.06.2021 10:40, шаҳри Душанбе

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом - Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.

 
Thursday, 10 June 2021 03:34
There are no translations available.

 

БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

6.JPG - 218.80 Kb9 июни соли 2021 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Рамазон Сафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, ҳамроҳи ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнии донишгоҳ ҷиҳати истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90–солагии таъсисёбии ДДОТ ба номи С.Айнӣ боздид намуд. Маврид ба зикр аст, ки бинои нави таълимии бунёдшаванда аз панҷ ошёна ва таҳхона барои ошхонаи умумӣ иборат буда, дар шафати он толори нави фарҳангӣ бо 570 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст. Дар ҳоли ҳозир, рангуборкунӣ, насби дару тирезаҳо ва дигар корҳои сохтмонӣ идома ёфта истодааст.

 
Tuesday, 08 June 2021 03:49
There are no translations available.

 

РАЁСАТИ ТАЪЛИМ, ПИРӮЗӢ МУБОРАК БОД!

26.JPG - 243.00 KbШурӯъ аз 25-уми майи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-салагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин барои сазовор пешвоз гирифтани “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” мусобиқаи дӯстонаи волейбол байни омӯзгорон ва кормандони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, қисми хоҷагидорӣ, факултетҳои таърих, математика, химия, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, биология, география, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар даври аввал байни ҳам сабқат намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дастаҳои раёсати таълими донишгоҳ, факултети математика, факултети физика ва факултети таърих ба даври финалӣ роҳ ёфта, санаи 8-уми июни соли равон барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар ҷамъбаст бо ҳисоби 3:2 ҷойи аввал насиби дастаи волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи факултети математика ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети физика гардид, ки ғолибон бо “Ифтихорнома”-ву Ҷоми ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин ба як қатор бозингарони беҳтарину доварон  аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 
Tuesday, 08 June 2021 09:10
There are no translations available.

Падарам, нависанда ва рӯзноманигор, шодравон Аброр Зоҳир дар соли охири умраш мехост дар бораи қаҳрамони миллат Шириншоҳ Шоҳтемур роман нависад. Ба ин мақсад, маълумоти зиёде ҷамъ овард. Аммо умр вафо накард ва чунин коре амалӣ нашуд. Иттифоқо рӯзе дар ҳуҷраи кории падар чанд дастхат бо ин маълумот ба дастам афтод ва кӯшиш намудам, ки мурури шогирдонае ба рӯзгор ва фаъолияти ин абармарди таърихӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон дошта бошам.

 
Tuesday, 08 June 2021 09:04
There are no translations available.

Аслан, зиндагӣ шабеҳи саҳнаи театр аст. Ин саҳна ҳам барои ҳунарманд  ва ҳам барои  тамошогар  муқаддас буда, ҳар касе, ки рӯи он мебарояд, заҳмати зиёде мекашад, то ба назари бинанда худро хуб ва намуна нишон диҳад. Ҳар касе, ки ба олами вуҷуд меояд, рӯи саҳнаи зиндагӣ, нақши мушаххаси худро иҷро хоҳад кард.  Нақшҳо мусбату манфӣ, хубу бад, хирадманду ҷоҳил, одилу золим мешаванд. Ба ин хислатҳои инсонии рӯи саҳна танҳо ва танҳо тамошогар  баҳои ҳаққонӣ медиҳад. Офарандагони нақшҳо туфайли сифатҳои гуногуни худ ба олами ботинии бинанда таъсири амиқ мерасонад.

 
Tuesday, 08 June 2021 08:58
There are no translations available.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ дар баробари инкишоф додани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ба ташкилотҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар як муддати кӯтоҳ аъзои якчанд созмони бонуфуз гардид.

 


Page 112 of 311
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в