Wednesday, 24 August 2022 07:51 |
There are no translations available.
ҚАБУЛИ РЕКТОР: ДАСТГИРИИ ДОНИШҶӮЁН ВАЗИФАИ ҲАМАИ МОСТ!
 Имрӯз дар саҳни бинои асосӣ шаҳрвандону муроҷиаткунандагонро ректори донишгоҳ қабул намуда, арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагонро дар доираи қонун мавриди баррасиву дастгирӣ қарор дод.
|
Wednesday, 24 August 2022 07:47 |
There are no translations available.
РЕКТОР: БАРҚАРОРУ ИНТИҚОЛ ДАР ДОНИШГОҲ РОЙГОН АСТ!
Бо мақсади иҷрои талаботи «Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён» раёсати донишгоҳ фаъолияти комиссияи донишгоҳиро дар доираи қонун оғоз менамояд. Маврид ба таъкид аст, ки фаъолияти комиссияи барқарор ва интиқоли донишҷӯён барои нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 ройгон буда, тибқи қонун амалӣ мешавад.
|
Wednesday, 24 August 2022 07:40 |
There are no translations available.
РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО КАДРҲОИ ТОЗАТАЪЙИНШУДА МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОД!
 Имрӯз дар мувофиқа бо ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ дар сатҳи Раёсати илмӣ-инноватсионӣ, муовинони декан оид ба корҳои илмӣ ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ба амал омад.
Мавриди зикр аст, ки довталабон дар озмуни эълоннамудаи раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ оид ба ишғоли мансабҳои холӣ, ки имрӯз ҷамъбаст гардид, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ширкат намуда, зимни суҳбат вобаста ба малакаву ихтисос аз ҷониби ректори донишгоҳ ба вазифаҳои мазкур таъйин гардиданд.
|
Friday, 15 July 2022 16:55 |
There are no translations available.
ДОНИШГОҲ- KOICA: ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲО БО АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КУРИЁ
Имрӯз Фаррух Худойдодзода, муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо Ҷонг Минёнг, директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриё (KOICA) дар Тоҷикистон мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳо дар самти ҷалби донишҷӯён ба курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ, таҳсили донишҷӯён дар донишгоҳҳои Куриё, мубодилаи барномаҳои таълимӣ, маводҳои таълимию методӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҳамкориҳо дар самти тадқиқотҳои илмӣ ибрози назар намуданд.
|
Thursday, 14 July 2022 13:30 |
There are no translations available.
ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОНИ ХОРИҶӢ БА ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода созишномаи ҳамкориро миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин ба имзо расонид. Созишномаи мазкур дар асоси дархост ва интихоби беш аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва коллеҷҳои Ҷумҳурии Халқии Чин таҳия ва тасвиб шуда, ба таҳсил фаро гирифтани ин хатмкунандагонро дар зинаи бакалавриати Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ ба тариқи фосилавӣ ва онлайнӣ дар назар дорад.
|
Wednesday, 13 July 2022 10:13 |
There are no translations available.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ҶУЗЪИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТИИ ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ АСТ
Яке аз муҳимтарин вазифаҳое, ки дар назди тамоми донишгоҳои кишвар меистад, муқаррар намудани таносуби оқилона байни фаъолияти таълимӣ ва илмии омӯзгорон мебошад. Мутаассифона дар баъзе мавридҳо ҳангоми баҳо додан ба фаъолияти касбии омӯзгор ба фаъолияти илмии ӯ кам таваҷуҳ карда мешавад. Касб ва обруи омӯзгори донишгоҳ ба натиҷаи кори таълимии ӯ вобаста карда мешавад ва аксари омӯзгорон дар ҷараёни таълим ғутта зада, аз пешбурди тадқиқоти илмӣ дур мешаванд.
|
Tuesday, 12 July 2022 12:04 |
There are no translations available.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: БАРОИ ТАҶРИБАОМӮЗОН БИНОИ НАВИ 2-ОШЁНА СОХТА МЕШАВАД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.Нишасти матбуотиро Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ, ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмилаливу хоҷагидорӣ дар ҳузури рӯзноманигорон ёдовар шуд.
|
|
|
|
Page 115 of 358 |