Sunday, 04 July 2021 00:41 |
There are no translations available.
ДУШАНБЕ, 03.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 3-юми июли соли 2021, соати 18:30 вазъият дар деҳаи Овези вулусволии Хоҳон, вулусволии Шаҳрибузург ва деҳаи Зиракии вулусволии Роғистони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб гардида, минтақаҳои номбурда аз тарафи ҳаракати “Толибон” тасарруф шуданд. Дар натиҷаи задухурди мусаллаҳона ҳаракати “Толибон” комендатураи сарҳадии “Овез”-и вулусволии Хоҳонро низ ишғол намуданд.
Бештар аз 300 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муқовимати мусалаҳона тоб наоварда, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи муҳофизатии байни дидбонгоҳҳои 5-уми “Истиқлол” ва 6-уми “Сариғор”-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» сарҳади давлатиро убур карда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштанд. Сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои воридшавӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.
Вазъият дар марз байни Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.
|
Tuesday, 29 June 2021 09:21 |
There are no translations available.
Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии
Қирғизистон Садир Жапаров дар Тоҷикистон
29.06.2021 09:30, шаҳри Душанбе
28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
|
Tuesday, 29 June 2021 05:24 |
There are no translations available.
ДОНИШҶӮЁНИ МО АЗ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДИДАН КАРДАНД
27-28 июни соли 2021 дар “Маҷмааи варзиши обӣ”–и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишии мазкур варзишгарон аз Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Президенти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Дар маросими ҷамъбастии ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси тамошобин гурӯҳи ҷавонони “Авангард”–и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳайати 60 нафар таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода низ иштирок доштанд.
|
Friday, 25 June 2021 07:27 |
There are no translations available.
ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТҲО ОЯД БА КАФ...
25 июни соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳову омӯзгорон ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ ҳозиринро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар пойдории сулҳу суботи тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин санади тақдирсози мубраму бориз неку беназир арзёбӣ намуд.
|
Tuesday, 22 June 2021 18:24 |
There are no translations available.
DUSHANBE, 22.06.2021 (NIAT Khovar) – On June 21, 2021, at 7:00 pm, an armed group of the Taliban attacked the Sherkhan-Bandar Border Commissariat in Kunduz Province, Afghanistan, reports the Tajik Border Troops Press Center.
|
Monday, 21 June 2021 11:44 |
There are no translations available.
Дар солҳои 60-70 -уми қарни гузашта қишварҳои абарқудрати дар муқобили Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта дар татбиқи манфиатҳояшон аз сиёсикунонии дину оин кор мегирифтанд. Зеро яке аз барчаспҳо ё заъферо, ки дар он пайдо намуда буданд, ин ҳам давлати илҳодӣ будани Шӯравӣ буд. Ҳамин тавр, баҳси геополитикие, ки барои сарзаминҳои шарқи мусалмонӣ ба миён омад бештар аз сиёсикунонии дину бовар ба ҳайси як гузинаи таъсиргузор кор гирифта шуд. Чунин ҳолат сабаби он гардид, ки дар иддае аз кишварҳои шарқи мусалмонӣ ҳизбу ҳаракатҳои динӣ созмон дода шуданд ва онҳо сармоягузорӣ карда шуда тақвият гардиданд.
|
Monday, 21 June 2021 11:37 |
There are no translations available.
Предметом гордости является то, что сегодня представители славной таджикской нации живут во всех уголках мира и своими добрыми делами представляют Независимый Таджикистан.
|
|
|
|
Page 117 of 317 |