• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Thursday, 15 April 2021 06:30
There are no translations available.

 

ШАРТНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ БАДАХШОНИ АФҒОНИСТОН

19.JPG - 229.68 Kb12-уми апрели соли 2021 бо мақсади тавсеа ва рушди равобити дуҷониба Нуъмонҷон Усмонзода Ғаффорӣ – ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикисон ба номи С. Айнӣ Муҳаммад Қосим Ориё – ректори Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ба ҳузур пазируфта, миёни ректорони донишгоҳ мулоқот сурат гирифт.

Роҳбари ду муассисаи олӣ зимни нишасти судманд роҷеъ ба муҳимтарин мавзӯъҳои марбут ба соҳаҳои илму маориф ва таҳсили донишҷӯён, тақвият бахшидан ва мустаҳкамтар намудани робитаҳои дуҷониба дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ мубодилаи афкор намуданд.

 
Tuesday, 13 April 2021 05:12
There are no translations available.

 

ЗАБОН ДОНӢ, ҶАҲОН ДОНӢ!

7.JPG - 230.13 KbСанаи 12 апрели соли 2021 дар факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба як қатор омӯзгорони фанни забони англисӣ, ки дар курсҳои омӯзишӣ тариқи онлайн давоми 16 ҳафта фаъолона иштирок доштанд, бо сертификат қадрдонӣ карда шуданд. Дар нишасти ҷоизасупорӣ нахуст, намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷаке Ливингстон суханронӣ намуда, омӯзгоронро барои иштироки фаъолонаашон дар курси забономӯзӣ тариқи онлайнӣ изҳори сипос ва қадрдонӣ намуд.

 
Tuesday, 13 April 2021 05:09
There are no translations available.

 

«60-СОЛИ ФАТҲИ КАЙҲОН»

4.JPG - 197.28 KbРӯзи 12 апрели соли 2021 дар факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба «Рӯзи кайҳоннавардон» таҳти унвони «60-соли фатҳи кайҳон» баргузор гардид. Конференсия бо иштироки намояндаи раёсати тарбияи донишгоҳ, декани факултет, муовинони декан, мудирони кафедраҳо, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Нахуст декани факултетн.и.п., дотсент Умаров У.С. ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи кайҳоннавардон» табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҳамасола 12-апрелро ҳамчун рӯзи кайҳоннавардон дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд. Сипас маърӯзаҳои зерин аз ҷониби Лайло Мансур «12 апрел - рӯзи кайҳоннавардон», Қодирова Гулноза «Ракетаҳо ва парвозҳо ба кайҳон»,  Сафарбеки Ҳалим «Таърих ва инкишофи кайҳоннавардӣ» ва Эшонова Нозанин дар мавзӯи «Ҳаёт ва фаолияти Ю.А.Гагарин» пешкаши ҳозирин карда шуд.

 
Monday, 12 April 2021 03:48
There are no translations available.

 

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

12.04.2021 08:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Фардо моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.

Ба ин муносибат кулли сокинони кишварро табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Моҳи шарифи Рамазон дар баробари рӯзадорӣ моҳи озодагии рӯҳ ва имондориву тақво ба шумор рафта, вуҷуди инсонро аз ҳусни адабу маърифат ороста мегардонад.

Дар ин моҳ мусулмони комил фурӯтаниву шикастанафсиро пеша карда, хашму ғазабро аз худ дур месозад ва қалбашро ба макони меҳру муҳаббат табдил дода, бештар ба амали хайру савоб даст мезанад ва ба наздикону пайвандон, ҳамсояҳову дармондагон кумак расонида, мушкили онҳоро осон мегардонад.

Тоҷикон ин фаризаҳои дини мубини исломро то ба имрӯз идома дода, бо парҳезгорӣ, тоату ибодат, хайру саховат, некиву накӯкорӣ, эҳтироми падару модар ва хешовандону калонсолон шуҳрат пайдо кардаанд.

 
Saturday, 10 April 2021 11:55
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ РӮЗӢ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ

2.JPG - 208.06 KbСанаи 9-уми апрели соли 2021 дар толори  бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Н.У., Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран, масъули бахши фарҳангии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Роже, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Шарифова М., филмбардор ва аксбардори машҳур Заур Дахте, ҳамоҳангсози миллии барномаҳо: «Санъат ва фарҳанг»-и Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Баширова М., кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар”, омӯзгорону донишҷӯёни ихтисосҳои забонҳои хориҷии донишгоҳ ва дигар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 
Thursday, 08 April 2021 15:49
There are no translations available.

 

ИДОМАИ СУҲБАТ-ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ

ҶАВОНОНИ “АВАНГАРД” БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

26.jpg - 73.85 KbСанаи 7-уми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Фирӯз Маҳмадулло, намояндаи ШВКД дар н.И.Сомонии шаҳри Душанбе, подполковники миллитсия Ҳайдарзода Мастура, мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов, роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонзода, намояндагони гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони донишгоҳ ширкат варзиданд.

 
Tuesday, 06 April 2021 06:11
There are no translations available.

 

ОҒОЗИ ОЗМУНИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ДАР ДОНИШГОҲ

12.jpg - 87.47 KbСанаи 05.04.2021 дар факултети географияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” оғоз гардид. Озмуни мазкур дар як фазои озод баргузор гардида, он таҳти назорати олимони варзидаи соҳаи география Қаландаров А., Самиев А., Рауфов Р., Раҳимов М., Табаруков М., Сабуриён М. ва Азизов Н. сурат гирифт.

 


Page 123 of 311
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в